Ифтитоҳи вазишгоҳи нав бо 21 ҳазор ҷойи нишаст дар Восеъ
Имрӯз дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар, ин иншоот аз ҷониби «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президент бунёд ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ ҳанӯз соли 2017 оғоз гардида, барои он тақрибан 69 миллион сомонӣ харҷ шудааст.
Варзишгоҳ дорои 21 ҳазор ҷойи нишаст буда, майдони футболи он 105 метр дарозӣ ва 68 метр паҳноӣ дорад. Майдон бо чамани табиӣ фаро гирифта шудааст.
Бинои варзишгоҳ сеошёна буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ, ивазкунии либос, ҳамом ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷой дода шудаанд. Ҳамчунин, дар майдони асосӣ 4 манораи равшанидиҳанда насб гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ