Ифтитоҳи бинои Раёсати дастгоҳи марказии КДАМ ва Мактаби байналмилалӣ дар пойтахт

Имрӯз, 13-уми март Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои Раёсати дастгоҳи марказии КДАМ ва Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Мактаби байналмилалӣ” (Глобал скул)-ро дар шаҳри Душанбе расман ба истифода доданд.

Возможно, это изображение 5 человек, люди стоят, костюм и на открытом воздухе

Тибқи иттилои марказии мабуоти Сарвари давлат, бинои нави Раёсати дастгоҳи марказии КДАМ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҷойгир буда, аз се ошёна иборат аст. Он бо тарҳ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Бинои мазкур аз ҳуҷраҳои корӣ, осорхона, маҷлисгоҳи замонавӣ ва дигар зерсохтори соҳавӣ иборат мебошад.

Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Мактаби байналмилалӣ” (Глобал скул) дар шаҳри Душанбе бошад, дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷойгир аст.

Возможно, это изображение 3 человека, люди стоят, костюм и текст «ONLY WAY TO FINISH is to TART»

Ин мактаб бо мақсади амалӣ намудани иқдомот дар самти рушди соҳаи маориф, хоса баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии насли наврас аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Глобал Лизинг” таъсис дода шудааст.

Муассисаи таълимӣ аз 5 ошёна иборат буда, дар масоҳати беш аз 27 садяк замин ҷойгир шудааст.

Таъкид мегардад, ки дар назди мактаби нав кӯдакистон бо тамоми шароити зарурӣ барои 60 нафар таъсис дода шудааст.

Раванди таълим дар ин боргоҳи маърифат бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ дар асоси барномаҳои давлатии таълимии соҳавӣ ва ба тариқи шартномавӣ ба роҳ монда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *