Илон Маск аз таъсиси ҳизби нав дар Амрико хабар дод

Илон Маск, миллиардери маъруфи амрикоӣ ва муассиси ширкатҳои SpaceX ва Tesla, рӯзи 5-уми июл дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X (Twitter) аз таъсиси ҳизби нави сиёсӣ бо номи “Ҳизби Амрико” (The America Party) хабар дод.  Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи асосии ин ҳизб бозгардондани озодӣ ба мардум аст.

Маск дар паёми худ навишт: «Имрӯз Ҳизби Амрико ташкил шуд, то озодии шуморо ба шумо бозгардонем».

Сарфи назар аз ин эълон, Маск то ҳол дар бораи сабти расмии ҳизб ва тарҳи барномаи он ҷузъиёти мушаххас пешниҳод накардааст.

Қаблан, 4-уми июл дар Рӯзи истиқлолияти ИМА  Маск дар шабакаи X назарсанҷие роҳандозӣ кард ва дар он аз корбарон пурсид, ки оё мехоҳанд аз низоми дуҳизбии кунунӣ, ки ба гуфтаи ӯ бештар ба «яккаҳизбӣ» монанд аст, истиқлол пайдо кунанд? Ба гуфтаи Маск, дар ин назарсанҷӣ зиёда аз 1,2 миллион нафар ширкат кардаанд ва аксарияти онҳо аз таъсиси як ҳизби нави сиёсӣ пуштибонӣ намудаанд.

Эълони таъсиси ҳизб дар пайи танишҳо миёни Маск ва Доналд Трамп ба вуқӯъ пайваст. Маск қонуни коҳиши молиёт ва хароҷоти давлатии Амрико, ки Трамп рӯзи 1-уми июл имзо кард, «харобкорона» хонд ва аз он шадидан интиқод кард.

Доналд Трамп 1-уми июл пешниҳод кардааст, ки идораи муассирияти кори ҳукумат (Department of Government Efficiency – DOGE) имтиёзҳои барои ширкатҳои Илон Маск додашударо бозбинӣ кунад. Маск бошад, 30 май маъмурияти Трампро тарк карда буд. Ӯ  130 рӯз роҳбарии идораи муассирияти кори ҳукумат (DOGE)-ро раҳбарӣ кардааст. Ин ниҳод бо мақсади коҳиши хароҷоти ҳукумат таъсис ёфта буд. Аммо пас аз рафтан аз кори давлатӣ,байни Илон Маск ва Доналд Трамп баҳсҳои лафзӣ сар зад.

Бо таъсиси эҳтимолии “Ҳизби Амрико”, Илон Маск метавонад ба низоми дуҳизбии анъанавии Иёлоти Муттаҳида таъсири ҷиддӣ расонад. Бо нуфузи молиявӣ ва миқдори зиёди пайравон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, коршиносон эҳтимоли онро, ки Маск дар интихоботи президентии оянда нақши фаъол хоҳад бозид, рад намекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *