ИМА эълон кард, ки дар рӯзҳои сахт канори Тоҷикистон хоҳад буд

Дар робита ба пайдо шудани бемории COVID-19 дар Тоҷикистон Сафорати Амрико дар Душанбе эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида омода аст дар муқобила бо густариши COVID-19 дар канори Тоҷикистон меистад. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, изҳороти сафорат 30-юми апрел, пас аз чанд соати эълони ҳукумати Тоҷикистон дар хусуси мавҷуд будани COVID-19 дар Тоҷикистон нашр гардид.

Сафорати Амрико дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук навишт: «Тавсия медиҳем, ҳар нафар барои дар хона мондан чораҳои зарурӣ андешад ва бо назардошти тасдиқ ва гузоришҳо дар бораи фавт аз илтиҳоби шуш (пневмония) ва бемориҳои дигар бо нишонаҳои мутобиқ бо COVID-19 равобити иҷтимоиро маҳдуд кунад».

Намояндагии расмии Амрико дар Душанбе мегӯяд, дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти Тоҷикистон ва шарикон «дар самти назорати паҳншавии COVID-19 кор мекунад».

«Мо муштарак бо ин бӯҳрон мубориза хоҳем бурд», — хулоса кардааст сафорат.

Бояд гуфт, ки мақомоти кишвар имрӯз 30-уми апрел 15 мавриди сирояти коронавирус ба сокинонро ошкор карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *