Имрӯз ҳаво гарму бебориш мешавад

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии  обуҳавошиносии кишвар,  имрӯз, 22 май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз   дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   ҳавои тағйирёбандаи бебориш  шуда,    дар ғарби вилоят шабона  6-11  ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -2+3  ва рӯзона 12-17  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои мусоид дар назар буда, ҳарорати ҳаво   шабона  аз 16-22 то  19-24 дараҷа ва рӯзона аз 30-35 то 35-40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар  Вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда,   дар водиҳо шабона аз 15-20 то 19-24 дараҷа ва рӯзона аз 30-35 то 33-38 дараҷа  гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман абрноки бебориш  шуда,  дар водиҳо шабона аз 11-16 то 14-19  ва рӯзона аз 28-33  то 33-38 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои тағийрёбанда  шуда,  гармии ҳаво шабона 15-17  ва рӯзона 36-38  дараҷаро ташкил медиҳад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *