Писарбачаи 10 сола зинда монду дигарон не

Шоми 21 май бар асари ба дарёи Варзоб чаппа шудани як мошини ДЭУ таҳти ронандагии як зан се нафар ғарқ шудаанд. Ҷасади ронандаи мошинро пайдо кардаанд, вале ҷустуҷӯи ҷасадҳои ду мусофири ин мошин ҳанӯз идома дорад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи якшанбе дар роҳҳои кишвар ду садамаи сангин рух дода, сабаби ҳалокати се нафар ва ҷароҳат бардоштани 5 тани дигар шудааст.

Вазорати дохила мегӯяд, шоми 21 май, соати тахминан 17:00 «автомашинаи тамғаи «ДЭУ Ланос” таҳти идораи зани 32-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми аз истироҳатгоҳи ҳудуди ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа баромаданаш, дар километри 23-юми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб-Хуҷанд, аз болои пули мошингузари истироҳатгоҳи мазкур ба дарёи Варзоб чаппа шудааст.”

Аз ин садама танҳо як писарбачаи 10-сола, ки мусофири ин мошин буд, аз дохили дарё наҷот дода шудааст. Худи ронанда, ки дар дарё ғарқ шуда, ба ҳалокат расид, ҷасадашро аз об баровардаандю

Вазорати корҳои дохила мегӯяд, «мусофирони дохили автомашинаи мазкур марди 34-сола ва писарбачаи 7-солаи сокинони шаҳри Душанбе дар дарё ғарқ шуда, то ҳол ҷасадҳояшон пайдо нашудааст.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *