Имрӯз ҳавои камабр мешавад

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 20 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон дар назар дошта шудааст.

Бар асоси пешгӯии Агентӣ, дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо  борон меборад. Дар ғарби ВМКБ   шабона  11-16 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона то 5 дараҷа ва рӯзона аз 13 то 18 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 20-25 ва рӯзона 38-43 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ва борони кутоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 37-42 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок гардида, дар бархе аз ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона ба 16-25 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст. Гармии ҳаво шабона 17-19 ва рӯзона 38-40 дараҷаро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *