Улуғбек Розуқулов ба Душанбе омад

Ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон   таҳти роҳбарии муовини  Сарвазири ин кишвар Улуғбек  Розуқулов имрӯз  ба Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.

Интизор меравад, ки муовини Сарвазири Ӯзбекистон Улуғбек Розуқулов зимни сафари дурӯзааш ба Душанбе бо муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон вохӯрда,  масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро байни ду кишвар матраҳ намоянд.

Инчунин дар Душанбе бо иштироки доираҳои соҳибкории  Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар баргузор гардида, санадҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид.

Ҳамзамон дар назар аст, ки ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири  ин кишвар Улуғбек Розуқулов  аз Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  «Кохи Наврӯз»  ва макони сохтмони Маркази   савдои автомобилии  фурӯши истеҳсолоти «Узавтосаноат»  ширкати «Лесинвест» боздид намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *