Имзои чанд санадҳои ҳамкори миёни Тоҷикистон ва Ҷопон
19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстию ҳамкории “Тоҷикистон-Ҷопон”, узви Палатаи намояндагони Парламенти Ҷопон Кейҷи Фуруя мулоқот намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳини мулоқот саҳми Гурӯҳи байнипарлумониро дар таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон муҳим арзёбӣ намуданд. Барои амали сохтани лоиҳаҳои мухталиф, аз ҷумла “дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, илм ва маориф, нақлиёт, кишоварзӣ ва тақвияти зарфиятҳои инсонӣ”, таваҷҷӯҳ карда шуд.

Дар идомаи сафар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) Акиҳико Танака мулоқот намуданд.
Ҷонибҳо ҳангоми мулоқот ба лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои, “саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, маориф ва тандурустӣ”, табодули назар карданд.

19 декабр Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Президенти Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва давлатҳои нави соҳибистиқлол (РОТОБО) Масами Ииҷима мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ самтҳои ояндадори ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдоро, “василаи муҳимми густариши робитаҳои иқтисодӣ ва таҳкими алоқаҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои мо”, номидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафар дар шаҳри Токио бо Директори иҷрокунандаи Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон (JOGMEC) Ичиро Такаҳара суҳбат карданд.
Ҷонибҳо ҳангоми суҳбат барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика ва истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ гуфтугӯ кардан. Бо истифодаи имкониятҳои дуҷониба дар соҳаи саноъат барои истихроҷ ва коркарди маъданҳо ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштаракро барраси карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ