Дидори Юсуф Раҳмон бо сафири Русия дар Душанбе
Юсуф Раҳмон котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо сафири Русия дар Душанбе Семён Григорев дар бораи қатли навраси тоҷик гуфтугӯ карданд.
Юсуф Раҳмон дар дидори имрӯза гуфтааст, ки “ин ҷинояти мудҳиш дар ҷомеаи Тоҷикистон нигаронии ҷиддӣ ва вокуниши васеъ ба бор овардааст”.
Ба иттилои АМИТ “Ховар”, тарафи тоҷикистони “ба зарурати таҳқиқи ҳамаҷониба, одилона ва шаффоф”-и куштори Қобилҷон Алиев ишора ва “аҳамияти таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти ноболиғонро ҳамчун авлавияти умумӣ” таъкид кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ