Ин ҳама аз куҷо сарчашма мегирад: се наврас ноболиғи 15 – соларо то дами марг кӯфтанд
Ноболиғони 13,14 ва 15 – сола дар маҳаллаи 64 – уми пойтахт, навраси 15 – соларо то дами марг латукӯб намуданд.
Дар Душанбе ҳодисаи даҳшатбори қатли навраси 15 – сола аз дасти ҳамсолони худ ба амал омадааст, менигорад Sputnik.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ба кормандони пулис марди 59 – солаи ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуд, ки набераи 15 – солаи ӯро се наврас шадидан кӯфтанд, ки дар натиҷа ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаст.
Ба нақли арзкунанда, ҳодисаи нохуш нисфирӯзи 24 июл, тахминан соати 12:30 дақиқа дар маҳаллаи 64 – уми пойтахт сурат гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ