Ипотека дар Тоҷикистон. Чӣ тавр соҳиби манзил шудан мумкин аст?

Ҳар шахс орзу дорад, ки cоҳиби манзили худ бошад. Дар Тоҷикистон бонкҳое ҳастанд, ки қарзи ипотекӣ пешниҳод мекунанд, то мардум соҳиби манзил шаванд. Ипотека як қарзи дарозмуддат аст. Бо он метавон манзили шахсиро харидорӣ ё бунёд кард. Баъдан, бо пардохти муҳлати муайян ва фоиз он баргардонида мешавад.

Тартиби расмӣ

Барои гирифтани ипотека, аввал бояд ба бонк бо ариза муроҷиат намоед. Дар ин марҳила бояд ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла шиноснома, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи даромад ва маълумоти манзил ё нақшаи сохтмон пешниҳод карда шаванд. Бонк даромади шуморо таҳлил намуда, қобилияти пардохти қарз ва фоизҳоро месанҷад.

Агар ҳамаи шартҳо мувофиқ бошанд, бо шумо шартномаи ипотека баста мешавад, ки дар он маблағи қарз, мӯҳлат ва фоизи қарзгузорӣ муайян карда мешавад. Манзил ё амволи ғайриманқули харидашуда ҳамчун кафолати қарз хизмат мекунад. Яъне, ҳуҷҷати манзил дар бонк то пардохти қарз нигоҳ дода мешавад.

Кадом бонкҳо ипотека медиҳанд?

Бонкҳо одатан талаб мекунанд, ки 10-30% аз арзиши манзилро пешпардохт кунед. Ҳамчунин, қарз бояд дар муҳлати муайяншуда бо фоиз пардохт шавад. Дар Тоҷикистон ипотека шартҳои худро дорад. Синни муроҷиаткунандабоядаз 21 то 65-сола бошад. Муҳлати қарз бошад, аз 5 то 20 сол ва фоизи солона12%-18% аст.

Ҳоло чанд бонк, аз ҷумла Амонатбонк, Ориёнбонк, Бонки Эсхата қарзи ипотека пешниҳод менамоянд. Ҳар як бонк шарт ва фоизҳои махсус дорад. Дар ин бора метавон дар филиалҳо ё сомонаҳои расмии бонкҳо маълумот гирифт. Агар нияти хариди манзилро бо ипотека доред, пеш аз муроҷиат ба бонк, даромади худро бо ҳуҷҷат тасдиқ кунед. Маблағи пешпардохтро омода созед. Шартнома ва шароити қарзро бодиққат мутолиа намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *