Исфандиёри Саъдулло: Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шудааст

Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки нархи интернет дар кишвар арзон ва суръати он беҳтар шудааст.

Ӯ гуфт, тадриҷан арзиши миёнаи интернет бо суръати 1 Мбит/с ба 17,63 сомонӣ коҳиш ёфта, нархи миёнаи 1 ГБ бастаи интернети мобилӣ ба 2,5 сомонӣ ё 0,25 доллар расонида шуд.

“Раванди мазкур идома ёфта, аз 15-уми июли соли ҷорӣ суръати ҳадди ақали интернет ба 15 Мбит/с баробар гардида, то охири соли ҷорӣ суръати интернет ба 30 Мбит/с ва дар се соли оянда ин нишондод ба 100 Мбит/с расонида хоҳад шуд”,- гуфт сардори Хадамоти алоқа.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *