Иштироки ду варзишгари Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати 19-уми ҷаҳонии варзишҳои обӣ, ки аз 18-уми июн то 3-юми июл дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Тоҷикистонро дар чемпионати ҷаҳон Екатерина Бордачева ва Фахриддин Мадкамов бо роҳбарии сармураббӣ Екатерина Измайлова намояндагӣ мекунанд.

Чемпионат соли 2021 дар Фукуокаи Ҷопон ба нақша гирифта шуда буд, вале пас аз мавқуф гузошта шудани Бозиҳои олимпии Токио ба соли 2021 ба соли 2022 гузаронида шуд. Бо вуҷуди ин, дар моҳи январи соли 2022 эълон гардид, ки чорабинӣ дар Фукуока бо далели паҳн шудани “Omicron” ва чораҳои пандемӣ дар Ҷопон бори дуюм ба соли 2023 мавқуф гузошта мешавад.

7-уми феврали соли 2022 Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) эълон кард, ки Будапешт мизбони чемпионати ғайринавбатӣ аз 18-уми июн то 3-юми июли соли 2022 хоҳад буд.

Будапешт бори дуюм аст, ки Чемпионати ҷаҳонии варзишҳои обиро мизбонӣ мекунад. Чорабинӣ 5 сол пеш, соли 2017 дар пойтахти Маҷористон баргузор шуда буд.

Дар умум, варзишгарон барои 74 маҷмуи медалҳо дар панҷ намуд — шиноварӣ, шиноварӣ дар оби кушод, ҷаҳиш ба об, шиноварии синхронӣ ва тўббозӣ дар об нерў месанҷанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *