Исматулло Холов

Исматулло дар чӣ хаёл буду Нигора чӣ кор кард?

Боз соле моро падруд гуфта, дар китоби зиндагиамон аз худ нақшҳои зиёди хотирмоне боқӣ мегузорад. Албатта, соли 2022 пур аз рӯйдодҳои фараҳбахш ва ҳодисаву воқеаҳои аҷиб буд. Аз ҳамин хотир, дар арафаи соли нави мелодӣ мо бо яке аз чеҳраҳои намоёни фарҳанг ва ҳунари тоҷик, овозхони шинохта Исматулло Холов ҳамсуҳбат гаштем, то бидонем, ки соли сипаришуда барояшон чӣ гуна сол буд ва дар соли нави 2023 чӣ нақшаву ниятҳо доранд.

Акои Исматулло, солҳост, ки шумо ба миллати тоҷик, ба фарҳанги тоҷик содиқона хизмат мекунед. Мегуфтед, ки соли 2022 бароятон чӣ гуна сол буд?

— Соли сипаришуда барои ман, ки ба ҳайси муовини Директори генералии Муассисаи Давлатии Иттиҳодияи Давлатии гуруҳҳои эҷодию консертии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва  фаъолият менамоям, соли пурташвиш, вале ҳамзамон бобарор буд. Тӯли соли 2022 иттиҳодияи мо 44 чорабиниҳои сиёсиву фарҳангиро дар сатҳи баланд гузаронида, бар замми ин, ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ зиёда аз 18 сафари ҳунарӣ дошт. Бо дарназардошти дигар маҳфил ва барномаҳои гузаронидаамон дар маҷмуъ 62 чорабинӣ гузаронидем, ки ин албатта заҳмати хеле зиёд мехоҳад ва дастоварди хуб аст. Оркестри эстрадии “Гулшан” бо роҳбарии писари устод Баҳодур Неъматов — Баҳовиддин Неъматов, ансамбли рақсии “Зебо” бо роҳбарии Ҳунарманди Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Зебо Аминзода ва ансамбли рақсии “Падида” таҳти роҳбарии Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон Дилором Сатторова фаъолияти хуби эҷодӣ доштанд ва дар фестивалҳои байналмилалии рақсу суруд иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд.

— Оилаи Холовҳоро мардум ҳамчун як хонаводаи фарҳангӣ ва санъаткор хуб мешиносанд, зеро фарзандонатон Суруш ва Нигора низ пайроҳаи падарро интихоб намуда, солҳост, ки бо санъаткорӣ машғуланд ва суруду таронаҳои хеле дилнишин эҷод мекунанду мухлисони сершумори худро доранд. Чаро вақтҳои охир ҳамроҳи фарзандонатон консерт намедиҳед?

— Дар ҳақиқат Суруш ва Нигора ҳамеша пайи эҷод бошанд ҳам, зиёда аз 10 сол мешавад, ки мо дар якҷоягӣ барномаи алоҳидаи консертӣ нагузаронидаем. Охирин барномаи консертиамон соли 2011 буд. Мухлисон зиёд пазмон шудаанд ва зуд-зуд тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ман менависанд, ки “устод, мо ташнаи сурудҳои нави Нигораҷон ва Суруш ҳастем, чаро консерт намедиҳед?”. Ба хотири шикастани ана ҳамин ташнагии мухлисон мо бо Суруш ва Нигораҷон маслиҳат карда, ба хулосае омадем, ки дар соли 2023 як барномаи хеле ҷолиби консертӣ гузаронем.

Баргузории ин барномаро кай ба нақша гирифтаед ва омодагӣ дар кадом сатҳ аст?

— Мо қарор додем, ки дар ин барнома танҳо суруду таронаҳои нави худро ба мардум пешкаш созем. Нигорабону махсус барои барномаи ҷадидамон 8 таронаи нав эҷод намудааст, Суруш бошад, пешдастӣ карда, аллакай 10 суруди нав тайёр кардааст. Вале мо ният дорем, ки ин барномаро дар фасли баҳор, шояд дар Рӯзи Модар ё Иди Наврӯз гузаронем.

Масъулияти оиладорию шавҳардорӣ ва тарбияи фарзанд албатта саҳлу осон нест, шояд аз ҳамин сабаб Нигораҷон нисбат ба бародараш Суруш каме қафо монда, 8 таронаи нав эҷод карда бошад…?

— Хушбахтона, шавҳар ва хусуру хушдомани Нигораҷон одамони санъатдӯст ва бисёр бофарҳанганд ва ҳамеша ӯро дастгирӣ мекунанд.  Шавҳар карданаш то имрӯз барои корҳои эҷодии Нигора ягон монеа эҷод накардааст…

Духтарчаи Нигора чандсола шуд?

— Калонакак шудааст, насиб бошад, соли 2023 ба мактаб меравад. Нигораҷон Амираро аллакай ба курсҳои тайёрӣ ба мактаб додааст. Забони русиро хеле хуб медонад ва ҳоло забони англисиро омӯхта истодааст.

Амираҷон кай додарча ё хоҳарчадор мешавад?

— Ростӣ, ман ба ин масъалаҳо дахолат намекунам, чунки тавлиди фарзандро ҳар як оила худаш бояд ба нақша бигирад.

Суруш бо зану фарзандонаш ҳамроҳи шумо зиндагӣ мекунад?

— Сурушҷон хонаи алоҳидаи худро дорад, вале зуд-зуд ба хабаргирии ману модараш меояд. Писари хурдӣ бо ҳамсараш дар хизмати мост.

Акои Исматулло, дар ҳаёти ҳунармандон ҳамасола дар рӯзҳои ид ҳодисаҳои аҷоибу ғароиб рӯй медиҳанд. Метавонед ягон ҳодисаи аҷиби дар соли нав бо шумо рӯйдодаро нақл кунед?

— Дар ҳақиқат ҳодисаҳои хотирмон дар ҳаёти мо, ҳунармандон зиёд рӯй медиҳанд, вале як ҳодисаро ба ёд оварданиям, ки ба дӯсти беҳтарини айёми ҷавониам, ҳунарманди нотакрори мо, зиндаёд Кароматуллои Қурбон алоқамандӣ дорад. Дар давраи Шӯравӣ соли навро бисёр бошукуҳ пешвоз мегирифтанд. Соли 1986 дар арафаи соли нав, тахминан 30-юми декабр буд ба фикрам, моро ба шаҳри Қӯрғонтеппа, ки имрӯз номи Бохтарро дорад, даъват карданд. Кароматулло ҳамон вақт автомашинаи 06 дошт, ки ҳамон солҳо ба қавле «мӯд» буд. Асбобҳоро ба як мошин бор карда, пешакӣ ҳамроҳи мутрибон ба Қӯрғонтеппа фиристодем ва рӯзи дигар саҳарии барвақт ману Кароматулло ба “06” нишаста, роҳи ин шаҳрро пеш гирифтем, вале ба ағбаи Фахробод расам — нарасам, чунон барфи сахте борид, ки дигар чанд қадам пешро дида намешуд. Ағбаро бо сад азоб баромада бошем ҳам, барф ончунон авҷ гирифт, ки дар ҳудуди ноҳияи Хуросон дармондем. Мо дар як ҳолати бисёр ногувор афтода будем, чунки дигар на ба пеш ҳаракат карда мешуд ва на имкони қафо гаштан буд. Роҳро баста буданд ва мо — ду ҳофизи ҳамон вақт бисёр машҳур ва номдор дар арафаи соли нав як рӯзи дароз дар даруни мошин мисли харгӯшакҳо аз хунукӣ дарақ-дарақ ларзида, чӣ кор карданамонро намедонистем. Хайрият, ки қарибиҳои намози шом шиддати барф андак камтар шуд ва роҳро кушоданду мо ба Душанбе баргаштем, вагарна шаб дар ҳамон саҳрои бепаҳно мемондем.

Аз Кароматуллои Қурбон боз чӣ хотираҳо доред?

— Азбаски ману Кароматулло аз овони бачагӣ дӯст будем ва ҳарду дар ансамбли “Суғдиён” фаъолият доштем, хотираҳои ширин хеле зиёданд. Соли 1987 дар арафаи соли нав мо маслиҳат карда, як суруди ҳиндӣ омода намудем, ки “Амар, Акбар, Антони” ном дошт. Амар Кароматулло буд, Акбар таблнавозамон Муқим ва Антони ман. Ин сурудро шаби соли нав тариқи телевизион дар барномаи идонаи солинавӣ намоиш доданд. Бовар кунед, баъди ин суруд номи аслии мо гӯё аз ёди мардум рафта бошад, ба куҷое, ки наравем, бо ангушт ба сӯямон ишора карда, “ана Амар, ана Акбар ё ана Антони” мегуфтанд. Ин суруд ба мо шуҳрати зиёде оварда буд. Ёди дӯсти боистеъдод ва ҷавонмаргам Кароматуллои Қурбон ба хайр ва ҷояш ҷаннати ҷовидон бошад!

Дар соли нав ба мухлисонатон чӣ таманно доред?

— Бизгор соли нави 2023 ба ҳама сокинони Тоҷикистон бахту саодат орад ва дар ҳар як хона тӯю тамошо шавад!

Ф. САТТОРӢ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.