Исрофил Бобомаликов 90-сола шуд. Раиси вилояти Суғд ба аёдати ӯ рафт

20 майи соли равон собиқадори хизмати давлатӣ ва шахсияти маъруфи вилояти Суғд Исрофил Бобомаликов ба синни мубораки 90 расид. Ба ин муносибат раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба дидорбинии ӯ рафт ва бо ин шахси барӯманд суҳбати самимӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни мулоқот раиси вилоят саҳми арзандаи Исрофил Бобомаликовро дар рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии вилоят ва ободии диёри аҷдодӣ баланд арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки чунин шахсиятҳо бо хизматҳои шоистаи худ намунаи ибрат барои насли имрӯзу фардои миллат мебошанд.

Раиси вилоят ба Исрофил Бобомаликов туҳфаҳои пулию моддӣ тақдим намуда, барои хизматҳои шоистаи дар тӯли умр баҷоовардааш изҳори сипос намуд.

Дар навбати худ, Исрофил Бобомаликов барои чунин таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва ғамхориҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, чунин қадршиносиро далели эҳтиром ба насли бузургсол ва пайгирии сиёсати инсонмеҳваронаи давлату Ҳукумат арзёбӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки Исрофил Бобомаликов аз соли 1971 то соли 1995 дар мансаби мудири шуъбаи таъминоти иҷтимоии вилоят фаъолият намуда, дар ин давра ба рушди соҳа ва беҳбудии шароити зиндагии мардум саҳми арзанда гузоштааст. Ҳоло низ ӯ бо рӯҳияи ватандӯстона фаъолият дошта, ҳамчун раиси кумитаи маҳалла дар тарбияи насли наврас ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни сокинон талош меварзад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *