«Истиқлол» бори нуҳум барандаи ҷом шуд
Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 бар дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рўдакӣ пирўз шуда, маротибаи нуҳум барандаи ин ҷом гардид.
“Истиқлол” қаблан солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019 дар ин мусобиқ пирўз шуда буд.
29-уми октябр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2022 баргузор шуд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовӣ — 2:2 анҷом ёфт. Ду қисми иловагӣ низ ғолибро муайян накард. Дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахт ба рўи душанбегиҳо хандид — 5:4.
Бозигари “Куктош” Алишер Шукуров беҳтарин бозингари дидори финалӣ дониста шуд. Ба ў 5000 сомонӣ тақдим гардид. Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2022 — дастаи “Истиқлол” дар баробари ҷому медал соҳиби 30000 сомонӣ гардид. Ба дастаи “Куктош” 20000 сомонӣ тақдим шуд.
Шарҳ