«Истиқлол» «Барқчӣ»-ро мағлуб карда натавонист

«Чемпиони мамлакат «Истиқлол» дар бозии мавқуфмондаи даври 14-уми Мусобиқаи қаҳрамонии  Тоҷикистон дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисорро мағлуб карда натавонист», — иттилоъ додаст сомонаи ФФТ.

Дар бозии мазкур хисоби мусовии 2:2 ба қайд гирифта шуд. Ҳисориҳо дар қисми аввали бозӣ 2 тӯбро ба дарвозаашон сар дода, дар қисми дуюм тавонистанд хисобро баробар намоянд. Муаллифони голҳо аз «Истиқлол» Дилшод Восиеву Фатҳулло Фатҳуллоев ва аз «Барқчӣ»  Шериддин Бобоеву Шаҳром Самиев гардиданд.

«Истиқлол» то охири мавсими имсола боз се бози мавқуфмонда доир мекунад. Яке аз онҳо 23 ноябр боз бо   «Барқчӣ» дар варзишгоҳи Ҳисор баргузор мешавад.

21-уми ноябр «Истиқлол» бозии ҷавобиашро дар даври нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон бо КМВА «Помир» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мекунад. Оғози бозӣ соати 15.00 аст.

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *