Вазир — нишонзани беҳтарини Ҷоми Душанбе

Аз 20 октябр то 16 ноябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид.

Барои иштирок дар ин мусобиқа  48 даста аз вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои пойтахти кишвар дархост дода, дар 8 гурӯҳ бо ҳам қувва озмуданд.

Вохӯриҳои ҳалкунандаи нимфиналӣ ва финалӣ шоми 16 ноябр дар Рӯзи Президенти Тоҷикистон барпо гардиданд. Аввал  дастаҳои пурзӯртарини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилаи ҷумҳурӣ ва ширкати «Формула-55» дар марҳилаи нимфиналӣ бо ҳам талош варзиданд. Ду дастаи ғолиби ин марҳила — Бонки миллии Тоҷикистон ва ВКД ҶТ ба марҳилаи  финалӣ, ки барандаи Ҷоми Раиси шаҳри Душанберо дар соли 2017 муайян мекунад, роҳ ёфт. Барои ҷойи сеюм ва медалҳои биринҷии мусобиқа дастаҳои МИМҲД-и шаҳри Душанбе бар тими «Формула-55» бо ҳисоби бузурги 6:1 дастболо шуд.

Дар бозии финалӣ дастаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва ВКД-и ҷумҳурӣ дар ду қисм ягон тӯбро ба дарвозаҳои ҳамдигар ворид карда натавониста, мусовӣ (0:0) бозиданд. Мувофиқи низомномаи  мусобиқа дар ин ҳолат силсиазарбаҳои шашметра ғолибро муайян мекунад. Бахти варзишӣ ҷониби бонкдорон гардиду онҳо бо ҳисоби 8:7 дастболо шуда, Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе — 2017-ро ба даст оварданд.

Дар фарҷом бозингарони беҳтарини мусобиқа  муайян гардида, бо туҳфаҳои хотиравӣ  қадр карда шуданд:

— нимҳимоятгари беҳтарин Тимур Исроилов («Формула  —  55» );

— ҳамлагари беҳтарин Зиёдулло Одинаев («Муассисаи давлати  нигаҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавӣ  » — и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе);

— дарвозабони беҳтарин Эраҷ Ҳурматов (МВД);

-ҳимоятгари беҳтарин Акбар Мухаммедов (Бонки миллии Тоҷикистон);

— бозингари беҳтарин Тоҷиддин Саидзода Ниёз (Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе);

— нишонзани беҳтарин Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ (ВКД).

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *