Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия-дурнамо ва имкониятҳо
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик таҳти унвони «Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия: дурнамо ва имкониятҳо» конфронси илмию амалии байналмилалӣ баргузор шуд.
Ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, иброз дошт, ки Тоҷикистон имрӯз дар марҳилаи басо муҳим ва масъулиятбори рушди босуботи иқтисодӣ қарор дорад. Таъмини ин раванди созанда бевосита ба дониш, маърифат, навовариҳо ва татбиқи технологияҳои муосир вобаста аст.

Ба гуфтаи ректори донишгоҳ, бо дарназардошти таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши илм ва технология дар рақобатпазирии миллӣ, донишгоҳ ҳадаф дорад, ки дар омода намудани мутахассисони баландихтисос, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робитаи илм бо истеҳсолот саҳми муассир гузорад.

Профессор Убайдулло Асрорзода изҳори умед намуд, ки натиҷаҳои ин конфронс заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи илмҳои иқтисодӣ, сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар фароҳам хоҳад овард.
Баъдан, олимон аз муассисаҳои илмӣ-таълимии хориҷӣ ва дохилӣ дар мавзӯиҳои мубрами иқтисодӣ, аз ҷумла истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар рушди сайёҳӣ ва соҳибкоӣ баромад намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ