Кумаки Амрико ба Тоҷикистон ба хотири чист?

Сафорати ИМА рӯзи 5-уми май ба Вазорати дифои Тоҷикистон чанд мошини боркаши IVECO-ро ба маблағи 2,3 миллион доллар ҳадя кард.

Муовини раиси намояндагии ИМА дар Душанбе Бридҷит Уокер гуфт: «Бо тасдиқи ҳамкории қавии мо, Иёлоти Муттаҳида уҳдадор шудааст, ки ба Тоҷикистон ба бахши амният беш аз 60 миллион доллар кумак кунад, ки дар тӯли ду соли оянда амалӣ ва ироа хоҳад шуд».

— Дар маросими супоридани кумаки навбатӣ ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати ИМА рӯзи 5-уми май ҳашт мошини боркаши IVECO, чарх ва қисмҳои эҳтиётии онҳоро барои истифода дар заминаи таҳкими марзҳо ба Вазорати дифои Тоҷикистон супурд,- хабар медиҳад сайти намояндагии дипломатӣ дар Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки ин кумаки 2,3 миллион доллар барои беҳбуди ҳаракати Вазорати дифоъ дар манзараи печидаи Тоҷикистон мусоидат мекунад. «Ин туҳфаи нави мошинҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ ба Вазорати дифоъ имкон медиҳад, ки ин таҷҳизотро барои солҳои оянда дар кор нигоҳ дорад»,- навиштааст сафорат.

Моҳи октябри соли 2021 Сафорати ИМА 20 адад Ҷип бо арзиши 1,4 миллион доллар ҳадя кард. Зимни суханронӣ дар ин маросим, ​​муовини раиси намояндагии ИМА дар Тоҷикистон хонум Уолкер изҳор дошт, ки ин мошинҳо дар ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои фаромиллӣ, аз қабили қочоқчиёни маводи мухаддир, қочоқбар ва ифротгароёни хушунатбор кумаки ҷиддӣ хоҳанд кард.

Дипломати амрикоӣ гуфт: «Ин хайрия танҳо як намунаи кумакҳое аст, ки мо ба артиши тоҷик расондем ва тааҳҳуди моро барои беҳбуди тавоноии Тоҷикистон барои дифоъ аз худ аз ҷангҷӯёни мусаллаҳ ва ҷилавгирӣ аз гардиши маводи мухаддири ғайриқонунӣ нишон медиҳад».

Давлати Амрико аз соли 1992 ба ин сӯ ба Тоҷикистон барои таъмини амният беш аз 330 миллион доллар кумак кардааст. Дар изҳороти намояндагии дипломатӣ гуфта мешавад, ки ин кумак аз омӯзиш, таҷҳизот ва зерсохтор иборат аст. ИМА ҳамчунин ба беш аз 10 000 сарбоз ва маъмурони интизомӣ тактикаи муассир барои вокуниш ба таҳдидҳои террористӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва гузаронидани амалиёти вижаро омӯзонидааст.

Иёлоти Муттаҳида дар тӯли 30 сол бо Тоҷикистон шарикӣ дорад ва тавассути барномаҳое, ки амният, рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, барои рушд ва амният 1,8 миллиард доллар кумак кардааст. ИМА барои таъмини амният дар ду соли оянда ба Тоҷикистон беш аз 60 миллион доллар ҷудо хоҳад намуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.