Кӯшониён. Нақшаи 15 корхонаи саноатӣ дар панҷ сол

Ба хотири шоиста истиқбол кардани 35 — солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳияи Кӯшониён сохтмони наздики 400 иншооти таъиноти гуногун дар назар аст. Мувофиқи нақша то имрӯз, 159 бино ва иншоот сохта мавриди истифода қарор гирифтааст.

 Хуршеди Ҳайдар, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Кӯшониён дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки аз соли 2022 то имрӯз, нақша андаке бештар аз 40 дарсад иҷро шудааст. Ӯ мегӯяд, дар умум сохтмони 392 иншоот дар назар аст ва танҳо дар соли 2025-ум 161 бино сохта мешавад.

“То соли 2026 нақша беш аз 100 дарсад иҷро хоҳад шуд. Дар диораи нақшаи мавриди назар 95 иншоот барои соҳаи маориф ва 38 бинои дигар барои соҳаи тандурустӣ сохта мешавад”.

Хуршеди Ҳайдар гуфт, ки дар доираи панҷсолаи рушди саноат шаш корхонаи гуногуни саноатӣ сохта шудааст. Боз дар оянда 9 корхонаи дигар сохта хоҳад шуд, -афзуд вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *