Кӯтоҳтарин ҳикояҳои ҷаҳон

Тарҷумаи ҳол

Пештар рӯям суфта ва либосҳоям ғиҷим буд. Ҳозир… баръакс.

Умед

“… Мо дигар ҳеҷ вақт дидор намебинем! Дигар ҳеҷ гоҳ вонамехӯрем! Дигар ҳеҷ гоҳ чашм ба чашм намеафтем. То дидор…”.

Танҳоӣ

Охирин одами ҷаҳон дар хона танҳо менишаст. Дар тақ-тақ шуд…

Хобгоҳ

Аз хобгоҳамон овози ду нафар ба гӯш мерасид. Ман дарро кӯфтам…

Гунаҳгор

Ӯ гунаҳгори ҳақиқӣ буд. Чунки аз яксаду бисту чор ҳазор навкар танҳо вай аз ҷанг сиҳату саломат ба Ватан баргашт.

Чор калима

Пойафзоли бачагонаро мефурӯшам. Нопӯшидааст.

Масъулият

— Акнун хоб рав, писарам,- гуфт модар ва чароғро хомӯш кард.

— Оча! Илтимос, хомӯш накунед! Аз торикӣ сахт метарсам!,- гуфт бачаи нобино.

Тарҷума ва таҳияи Фаридуни ФАРҲОДЗОД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *