ШОН МС

Шон МС: Бе рэп ва “Ютуб” бароям душвор аст

Шаҳбоз Шарипов (Шон МС) бори сеюм дар “Ютуб” саҳифаи шахсиашро бо номи “Фикри ту” фаъол кард.

Номбурда дар аввалин навораш ба одамоне, ки чанд рӯзи охир гирди номаш ҳар гуна сухан гуфта буданд, ҷавоб дод. Ҳамчунин, ӯ мегӯяд:

— Ман аз “Ютуб” рафтам, вале боз дар бораам гап мезананд. Аз ҳама хоҳиш, ҳар нафаре, ки ба ман гап дорад, омада дар рӯям бигӯяд, ба воситаи интернет не.

Инчунин, Шаҳбоз Шарипов доир ба вазъи имрӯзааш чунин мегӯяд:

— Бе рэп ва “Ютуб” бароям душвор аст. Ростӣ, дар ин 30 соли ҳаёт ман нав чунин душвориро дидам ва доир ба ин ҳолатам як рэп ҳам навиштам, вале чун рэпхониро бас кардаам, натавонистам онро сабт карда, дар интернет гузорам.

Шаҳбоз мегӯяд, ки “бори дигар саҳифаи ютубӣ кушоданам як кӯшиши дигар барои беҳбудии зиндагӣ аст. Агар обуначиҳояш зиёд гарданд, бо идеяҳои нав барои ҳаводоронаш наворҳои гуногун омода мекунад”.

Ӯ аз дигарбора оғоз кардани рэпхонӣ чизе нагуфт, балки ишора намуд, ки матни хеле хуб навиштаасту онро худаш не, балки ба хоҳишманде мефурӯшад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Шон МС тарки рэп намуда, хонаи Худоро зиёрат кард ва то ҳол рэп нахондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *