Калиди зиндагии устувор ва мустақил

Донистани қоидаҳои муносибат бо пул барои ҳар як шахс зарур аст. Чунки пул танҳо воситаи табодули молу хизматрасонӣ нест, он нишондиҳандаи сатҳи масъулият, фаҳмиш ва маданияти иқтисодии инсон мебошад.

Қадами аввал

Бисёр вақт одамон гумон мекунанд, ки кор кардан ва пул гирифтан кофӣ аст. Аммо мутахассисони соҳаи молия бар ин назаранд, ки мустақилияти молиявӣ на танҳо қобилияти пул кор кардан аст, балки қобилияти дуруст истифода бурдан ва нигоҳ доштани он мебошад. Зеро шахсе, ки маблағи худро бе нақша сарф мекунад, ҳатто агар даромади зиёд ҳам дошта бошад, дер ё зуд ба мушкил дучор мешавад. Бинобар ин, қадами аввал дар мустақилияти молиявӣ таҳияи буҷет аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар сомонӣ бояд дар ҷойи муайян бошад: қисми хароҷот, пасандоз ва сармоягузорӣ.

Қадами дуюм

Дар ҷомеаи мо ҳисси дилсӯзӣ ва кӯмак ба дигарон бисёр қавӣ аст. Албатта, ин хислати хуб аст. Аммо, коршиносон таъкид мекунанд, ки кумак бояд омӯзанда бошад, на вобаста кардан. Табиати инсонӣ чунин аст, ки баъзан ёрмандӣ аз як тараф мушкилро осон мекунад, аз тарафи дигар шахсро танбалу муфтхӯр ва пойбанд мегардонад. Мо аксар вақт ба одамоне пул медиҳем, ки дар ҳолати душвор зиндагӣ мекунанд. Аммо беҳтар он аст, ки онҳоро омӯзонем, то чӣ гуна кор ёбанду маблағро идора кунанд. Вақте инсон бо заҳмати худ ризқ меёбад, арзиши онро медонад ва мустақил мешавад.

Ин гуна муносибат на танҳо ба шахси эҳтиёҷманд, балки ба ҷомеа низ судманд аст. Зеро фарҳанги кумакрасонӣ ва масъулиятшиносӣ ташаккул меёбад.

Қадами сеюм

Маърифати молиявӣ танҳо барои имрӯз нест. Он ба мо ёд медиҳад, ки барои фардо фикр кунем. Барои таълими фарзандон маблағ ҷамъ кунем, барои ояндаи худ, махсусан пирӣ пасандоз дошта бошем. Ҳамчунин, аз хавфҳои ногаҳонӣ, масалан, беморӣ ё талафоти мол худро ҳифз намоем.

Коршиносон тавсия медиҳанд, ки ҳатто бо даромади миёна ҳам метавон пасандоз кард. Шахсе, ки медонад пулро чӣ тавр ба даст орад, чӣ гуна онро ҳифз кунад ва дар куҷо истифода барад, ҳамеша озод ва ором аст.

Тавре коршиноси молия Муҳаммадҷон Раҳимов таъкид мекунад:

«Илми молиявӣ на барои бой шудан, балки барои ором зистан аст. Вақте инсон сарвату дороияшро идора карда метавонад, зиндагии ӯ таҳти назорати худаш қарор мегирад, на зери фишори дигарону қарз…».

Агар ҳар як шахс маърифати молиявиро ёд гирад ва амал кунад, на танҳо худ сарватманд мешавад, балки ба ҷомеа низ таъсир мерасонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *