Кишварҳои мизбони ҶО-U-17 ва ҶО-U-19 маълум шуданд

Конфедератсияи футболи Осиё кишварҳоеро эълон кард, ки тирамоҳи имсол бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20)-ро мизбонӣ мекунанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 1 то 9-уми октябр баргузор мешавад. Даҳ кишвар, Австралия, Бангладеш, Индонезия, Урдун, Қирғизистон, Уммон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Ветнам мизбон интихоб шудаанд. Дар ин мусобиқа даҳ гуруҳ, ки шаш гуруҳ иборат аз чордастаӣ ва чор гуруҳи панҷдастаӣ ҳастанд, ташкил мешаванд.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё миёни наврасон, ки аз 3 то 20-уми майи соли 2023 дар Баҳрайн баргузор мешавад, ғолибони даҳ гуруҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро гирифтаанд, роҳ меёбанд.

Баҳрайн, Индонезия, Ироқ, Урдун, Қирғизистон, Лаос, Муғулистон, Уммон, Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон мизбонии гуруҳҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-соларо ба уҳда мегиранд. Мусобиқаи интихобӣ аз 10 то 18-уми сентябр баргузор мешавад. Тибқи қуръакашӣ 44 даста ба даҳ гуруҳи иборат аз шаш гуруҳи чаҳордастаӣ ва чор гуруҳи панҷдастаӣ тақсим мешаванд.

Ғолибони даҳ гуруҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро гирифтанд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1 то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *