Командаи Саидзода. Чанд мушкилие, ки роҳи ҳал мехоҳанд

Тағйироти кадрии ахир дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сарусадоҳои зиёдеро ба миён овард. Аксарият дар шигифт монданд, ки ҳамагӣ ду сол фаъолият накарда, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ва муовинони ӯ аз мақомашон барканор шуданд. Ростӣ, командаи нави Вазорати маориф ва илмро дар чунин ҳайат касе интизорӣ надошт.

Баъд аз нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм, ки аз забони Муҳаммадюсуф Имомзода вобаста ба саволи журналистон, ки “чаро  омӯзгорон тарки соҳа мекунанд”, посухи “аз ин фоҷеа насозед” садо дод ва боиси интиқоди шадид дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, гап-гапи ивазкунии кадрҳо ба миён омада буд. Миш-мишҳои долонҳои ҳукумат командаи Вазорати маорифро дигар хел тахмин мезад, вале тағйироти ахир гумону шубҳаҳоро ботил сохт. Акнун сиёсати маорифи кишвар ба дасти Раҳимҷон Саидзода, вазири нави маориф ва илм ва муовинони ӯ Ҷамшед Ҷӯразода, Шукрулло Хайрзода, Лутфия Абдухолиқзода расид.

Раҳимҷон Саидзода,

вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон

53 сол дошта, зодаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад. Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ). Солҳо дар ин даргоҳ ба сифати омӯзгор, дотсент, сардори бахши илмӣ-тадқиқотӣ, мудири кафедра, ноиби ректор, директори коллеҷ фаъолият кардааст. Аз соли 2009 фаъолияташро дар Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Тоҷикистон, аввал ба ҳайси сардори раёсати аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ оғоз намуда, аз соли 2010 то соли 2015 ба ҳайси муовин ва баъдан сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф идома додааст. Солҳои 2015-2017 сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2017-2022 дар вазифаи муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ва баъдан директори филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии Маскав дар шаҳри Душанбе фаъолият доштааст. Доктори илмҳои техникӣ, профессор мебошад.

Ҷамшед Ҷӯразода,

муовини якуми вазири маориф ва илм

То ин дам 6 сол дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кор кард. 51 сол дошта, зодаи шаҳри Хуҷанд мебошад. Бештари фаъолияти Ҷамшед Ҷӯразода дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон гузаштааст. Солҳои гуногун декани факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва ноиби ректор оид ба тарбия ва ниҳоят ректори ин таълимгоҳи олӣ фаъолият кардааст.

Доктори илми таърих, профессор, муаллифи зиёда аз 120 асару мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.

Шукрулло Хайрзода,

муовини вазири маориф ва илм

39 сол дорад. Зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аст. Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро аз рӯи ихтисоси менеҷмент бо дипломи аъло хатм намудааст. Фаъолияти кориаш аз соли 2006 дар кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ оғоз ёфта, то декани факултети молия ва қарзи ҳамин донишкада расидааст. Солҳои 2015-2018 муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, солҳои 2018-2022 ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буд.

Доктори илмҳои иқтисодӣ ва муаллифи беш аз 20 асари илмию методӣ аст.

Лутфия Абдухолиқзода,

муовини вазири маориф ва илм

51 сол дошта, зодаи ноҳияи Данғара аст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. Доктори илмҳои педагогӣ. Фаъолияти Абдухолиқзода ҳамчун муаллими забони русӣ дар Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе ва баъдан дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз мудири кафедра то муовини ректор оид ба тарбия омада мерасад. Солҳои 2015-2019 ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2019-2020 сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, 1-уми марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Инак, бо садри Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шинос шудем. Аммо чанд мушкилие дар соҳаи маорифи кишвар вуҷуд доранд, ки то куҷо командаи нав дар ҳалли онҳо дасту остин бар мезананд ва рафъашон мекунанд, вақт нишон медиҳад. То ҳол нарасидани ҷойи нишаст дар мактабҳо, аз меъёри муқаррарӣ зиёд, яъне ба ҷойи 20-25 нафар 35-40 нафар дар як синф таълим гирифтани хонандагон, биноҳои фарсудаву ҳолати садамавии мактабҳо, нарасидани китобҳои дарсӣ, эътироф накардани дипломҳои тоҷикӣ дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон, иҷборан навиштани мақолаҳо аз тарафи омӯзгорон, ҷамъоварии пул аз хонандагон, ниҳоят эродҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Вазорати маориф ва илм хӯшае аз мушкилот аст.

Усмон Раҳимзода,

«Тоҷикистон»

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.