Конфренсияи илмӣ-амалӣ дар ДАТ ( бо аксҳо)

«Илм ва инноватсия дар асри ХХI: масъалаҳои актуалӣ, дастовардҳо ва тамоюли рушд»- чунин ном дошт конфренсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ, ки 4 феврали соли 2017 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Тоҳтемур баргузор гардид.

Пеш аз оғози кори конфренсия ба меҳмонони дохил ва хориҷи кишвар дар саҳни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дастовардҳои илмию тадқиқотии устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур нишон дода шуд.  Сипас змини конфронс дар факултети механиконии кишоварзии донишгоҳ маърӯзаҳои илмии ректори донишгоҳ, профессор А.Салимзода дар масъалаҳои рушди инноватсионии комплекси агросаноатии Тоҷикистон,  Б.Аҳмадов, декани факултети маханиконӣ  дар бораи консепсияи рушди системаи мошино-технологии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон,  олимон аз Россия, Қирғизистон дар мавзӯъҳои ҳамоҳангсозии мошинҳои коркарди хок, кишткунанда ва роҳҳои афзоиши самаранокии истеҳсолот шунида шуд. Байни иштирокчиён ва маърӯзачиён саволу ҷавоб сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *