Корхонаи «Зарафшон» ба дигарон зар, ба мо заҳр медиҳад

«Сокинони деҳаи Хумгарон зуд-зуд бемор мешаванд, ҳолати бефарзандӣ дар оилаҳои ҷавон зиёд шуда, ҳодисаҳои нобуд шудани тифлон афзоиш ёфтааст»,-чунин менависанд сокинони деҳаи Хумгарони ҷамоати Косатароши шаҳри Панҷакент дар номаи худ ба идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj.

Онҳо муроҷиатномаро ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навишта, хостори ҳалли мушкилот шудаанд.

МУРОҶИАТНОМА

аз номи сокинони деҳаи Хумгарони ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент

Муҳтарам Пешвои миллат! Мо — сокинони деҳаи Хумгарони ҷамоати Косатароши шаҳри Панҷакент ифтихор аз он дорем, ки дар як кишвари озоду пешрафта умр ба сар мебарем. Ин ҳама ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз ба сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Шумо вобаста мебошад.

Корхонаи муштаракаи “Зарафшон” дар шаҳри Панҷакент аз соли 1997 инҷониб ба истеҳсоли тилло машғул аст. Мутаассифона, ин корхона партовгоҳи истеҳсолияшро дар фосилаи 300-400 метр аз хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаи Хумгарони ҷамоати деҳоти Косатарош бунёд кардааст ва дар давоми бисту чор сол се адад чунин ҳавз бо заҳрҳои кимиёвӣ пур карда шуд. Дар чунин масофаи наздик қарор доштани полоишгоҳҳои корхона ба обу ҳаво, замину боғу чарогоҳ ва аз ҳама муҳимаш, ба саломатии сокинони деҳа хеле зарар дорад.

Сокинони деҳа, махсусан калонсолону тифлон зуд-зуд бемор мешаванд ва ба табибон муроҷиат мекунанд. Духтурон ҳангоми ба онҳо таъйин кардани дорую давоҳо дараҷаи баландтари антибиотикҳоро менависанд.

Ҳолатҳои бефарзандӣ дар оилаҳои ҷавон зиёд шудааст. Ҳамчунин, ҳодисаҳои нобуд шудани тифлони пеш аз вақт таваллудшуда пайдарпай ба амал омад.

Соли 2007 Корхонаи муштаракаи “Зарафшон” барои сохтмони полоишгоҳ 53 гектар замини сокинонро, ки қисмати он замини президентӣ мебошад, ҷиҳати сохтани полоишгоҳ гирифт. Роҳбарияти корхона ваъда доданд, ки аз дигар мавзеи ҳудуди шаҳри Панҷакент қитъаи замин ҷудо карда мешавад, вале ин кор дар амал татбиқ нашуд. Соли 2019 корхона дар ҳудуди деҳаи Хумгарон, дар шафати чашмаи деҳа, ки он зиёда аз 100 гектар заминро обёрӣ мекунаду оби нӯшокии сокинонро низ таъмин менамояд, ба сохтани полоишгоҳи нав сар кард.

Ин мавзуъ тамоми сокинони деҳаро ба ташвиш овардааст. Мо борҳо ба роҳбарияти корхона, ба ҷамоати деҳоти Косатарош, МИҲД-и вилояти Суғд ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ муроҷиат кардем, то пеши роҳи ин амал гирифта шавад. Аммо ҳеҷ кас ба арзу доди мо эътибор надод. Маълум аст, ки мақсади роҳбарон тамоман дигар аст. Агар онҳо ғами мардумро мехӯрданд, агар онҳо дар ҳақиқат ғамхори халқу миллат мебуданд, бояд ин полоишгоҳро дар ягон ҷойи дигар месохтанд. Ё ин ки пеш аз сохтани ин полоишгоҳ сокинони деҳаи Хумгаронро ба ягон минтақаи дигар мекӯчониданд.

Чанд сол пеш корманди соҳибвазифаи КМ “Зарафшон” Саримсоқов Ориф дар суҳбати радиоӣ иттилоъ дода буд, ки гӯё дар мавзеи Сойи Ёрон полоишгоҳ мавҷуд аст ва корхона танҳо ба таъмири он пардохт, вале ин иддао дурӯғ буд. Агар бунёди полоишгоҳ зарур бошад, мо зид нестем ва мехоҳем, ки КМ “Зарафшон” сокинони деҳаро дар дигар мавзеъ бо манзили истиқоматӣ таъмин намояд. Мутаассифона, корхона тасмим гирифтааст, ки аз 147 хоҷагӣ танҳо 47 хоҷагиро мекӯчонад.

Соли равон бо иштироки роҳбарияти шаҳри Панҷакент ва намояндагони КМ “Зарафшон” дар деҳаи Хумгарон дар робита ба бунёди полоишгоҳ ва тақдири минбаъдаи сокинони деҳа ҷаласа доир гардид. Дар ин ҷаласа нисбати мардум дағалона рафтор шуд, ки мо аз ҷараёнаш наворҳо дорем.

Дар ибтидо намояндагони КМ “Зарафшон” мегуфтанд, ки сокинони деҳа марҳила ба марҳила кӯчонида мешаванд, аммо миёни директори генералии ҶДММ КМ “Зарафшон” ва намояндагони деҳаи Хумгарон вобаста ба оғози сохтмони полоишгоҳи марҳилаи №3 қисми 1 ва уҳдадориҳои сокинони деҳа ҷиҳати мусоидат намудан ба сохтмони лоиҳаи мазкур Шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст, ки дар ин санад кӯчонидани 47 хоҷагӣ қайд шудааст. Дар ин шартнома чаҳор нафар аз намояндагони деҳаи Хумгарон имзо намудаанд, ки онҳо аз 47 хоҷагии имтиёздор мебошанд. Аз имзои шартномаи мазкур мо — сокинон пас аз чанд вақт огоҳ шудем ва ин санадро эътироф намекунем, зеро дар он манфиати сокинони боқимонда ба эътибор гирифта нашудааст.

Новобаста ба он, ки намояндагони КМ “Зарафшон” дар робита ба бунёди полоишгоҳ бо сокинон ба мувофиқа нарасидаанд, худсарона сохтани полоишгоҳро идома доданд. Мо сокинони деҳа ба мавзеи бунёди полоишгоҳ рафтем. Кормандони баландмақоми КМ “Зарафшон”, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сари мардум, ки аксарият бонувон буданд, зӯроварӣ карданд. Онҳо сокинонро таҳдид намуда, як нафар сокини деҳа Рафоатро аз дасташ сахт кашиданд, ки ин амал боиси аз ҳуш рафтани номбурда шуд. Аз ҷараёни бархӯрди кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо сокинон наворҳо ҳастанд.

Муҳтарам Пешвои миллат! Айни замон маъмурияти КМ “Зарафшон” азми қатъӣ дорад, ин полоишгоҳи хатарнокро дар муддати 5 моҳ сохта, ба истифода диҳад. Онҳо парво надоранд, ки ояндаи мардум чӣ мешавад!

Аз ин рӯ, мо маҷбур шудем ба Шумо муроҷиат намоем. Умед ва бовар дорем, ки бо дахолати Шумо як комиссияи босалоҳият ба деҳаи Хумгарони ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент омада, вазъиятро ҳаматарафа меомӯзанд, бо аҳолӣ ва мушкилоти онҳо шинос мешаванд ва ба хулосаи дуруст меоянд.

Зоиров Худойбердӣ, Шамсиева Сабоҳат, Сатторов Бегмурод, Қаҳҳорова Фирӯза, ҷамъ 147 имзо

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *