Куҳансолтарин иштирокчии ҶБВ аз Тоҷикистон даргузашт

Рашид Каримов, куҳансолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз Тоҷикистон, рӯзи 24-уми август дар синни 113-солагӣ даргузашт. Дар ин бора аз мақомоти шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Рашид Каримов 1-уми июли соли 1912 дар деҳаи Шоҳамбарии Ҳисор таваллуд шуда, соли 1942, ҳангоми фаъолияти омӯзгорӣ дар мактаби деҳа, ба ҷабҳа рафтааст. Ӯ то рӯзи анҷоми ҷанг дар майдони набард ҳузур доштааст.

Дар яке аз мусоҳибаҳои қаблиаш Рашид Каримов ёдовар шуда буд, ки бо вуҷуди он ки яккаписари хонадон буд, падараш ӯро ба ҷанг фиристодааст: “Падарам раиси хоҷагии деҳқонӣ буд. Мардум мегуфтанд, ки ӯ фарзанди худро нигоҳ медорад. Аммо падарам маро низ ба ҷанг равон кард.”

Марги Рашид Каримов талафоти бузург барои наслҳои имрӯзӣ арзёбӣ мешавад, зеро ӯ яке аз охирин шоҳидони зиндаи воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *