Кумаки Панҷакент ба сокинони зарардидаи Куҳистони Мастчоҳ

Мақомоти шаҳри Панҷакент ба сокинони деҳаи Палдораки ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, ки аз заминҷунбӣ зарар дидаанд, дар ҳаҷми 105 тонна кумак расонидаанд.

Бино ба иттилои МҲД-и шаҳри Панҷакент, ҳайати мақомоти шаҳр таҳти роҳбарии Абдухолиқ Холиқзода ба минтақаҳои аз заминларза осебдидаи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ рафта, бо сокинони ноҳия дидор карда ва кумакҳоро супоридаанд.

“Мақомоти шаҳри Панҷакент чун ифодаи дӯстию бародарӣ ва ҳамдилӣ барои зиёндидагони заминларза ба ноҳия 100 тонна семент ва 5 тонна маводи хӯрока дастрас намуд”,- иттилоъ додааст манбаъ.

Мақомти шаҳри Панҷакент зикр кардааст, ки ташкилоту муассисаҳо, сокинони шаҳр минбаъд низ барои бартараф намудани оқибати заминларза ба онҳо дасти мадад дароз мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, ки ҳоло дар деҳаи Палдорак барои сокинони манзилашон осебдида хаймаҳо устувор гардида, онҳо бо ҳама маводи зарурӣ таъмин шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *