Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон
Дар деҳаи Навободи ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027” маросими супоридани маводи ғизои мактабӣ баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин, мушовир – фиристодаи Сафорати Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская, намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам, инчунин намояндагони муассисаҳои дахлдор иштирок намуданд.
Музаффарзода Бадриддин изҳор дошт, ки ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Русия самти муҳим ва устувори сиёсати иҷтимоии давлатро ташкил медиҳанд.
Вера Хуторская бошад, гуфт, ки ҳамкориҳои самарабахш миёни Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди маориф таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва байналмилалӣ мебошанд.
Дар маросими супоридани аввалин бастаҳои кумак қайд гардид, ки аз соли 2022 бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои ташкили ғизои гарм дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ роҳандозӣ шудааст.
“Дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ, ки бо мақсади таъмин кардани мактаббачагон бо ғизои солим ва хушсифат амалӣ мешавад, дар навбати аввал аз ҷониби Русия 270 тонна орди ғанигардонидашуда ба муассисаҳои таълимии кишвар фиристода мешавад”,- қайд кардаанд дар ин маросим. Маводи хӯрокворӣ рӯзҳои наздик ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастрас карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ