Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ ба Тоҷикистон маҳсулотӣ ғизоӣ, аз ҷумла орду равған фиристод. Дар ин бора Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар додааст.

Маросими супоридани кумакҳои башардӯстона ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони дипломатӣ баргузор гардид:

68 тонна орди гандуми витаминдор;

117 тонна равғани офтобпараст;

202 тонна нахӯд.

Дар ояндаи наздик боз 877 тонна орд супурда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, як бахши қисми дигари кумакҳои башардӯстона ба вилояти Суғд, аз ҷумла беш аз 1,3 ҳазор тонна орд равон карда мешавад.

Дар маҷмуъ, Русия ба Тоҷикистон 4,5 тонна кумаки башардӯстона фиристодааст, ки он барои дастгирии Барномаи ғизои мактабӣ дар кишвар, ки ду ҳазор муассисаи таълимии 52 ноҳия ва шаҳрро фаро мегирад, равона мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *