Куштор дар Айнӣ

Баъд аз гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, 4-уми декабри соли 2021, тахминан соати 11:00, дар 8-ум ошёнаи бинои сохтмонаш нотамом, воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахт, ҳамсараш зани 22-солаи сокини ноҳияи Файзободро аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо банд бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонида, баъдан дар таги қум пинҳон намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *