Паёми Президент имсол барвақт ироа мегардад

Паёми навбатии  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 21-уми декабр садо хоҳад дод.  Маъмулан Президенти кишвар зимни ироаи Паём самтҳои асосии сиёсати дохилу хориҷ, инчунин, рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро дар соли оянда мушаххас мекунад.

Дар Паёми Президент вакилону аъзои Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин, раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо,  намояндагони илму фарҳанг, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон  ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Парлумони Тоҷикистон ироаи Паёми Сарвари давлат ба Парлумонро дар санаи 21-уми декабр тасдиқ кард.

Ёдрас мешавем, ки  Паёми Президент бинобар  пандемияи коронавирус соли гузашта 26 январ ироа гардида буд.  Аммо чун анъана Паёми Сарвари давлат моҳи декабр садо медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *