Куштори ҷавони 18-сола дар Маскав. Гумонбар зодаи Тоҷикистон?

Мақомоти тафтишотии Русия аз боздошти як ҷавони 19-сола дар робита ба куштори ҷавони 18-солаи рус дар шаҳри Маскав хабар доданд. Ба иттилои расонаҳои русӣ, гумонбар Имомалӣ Турдиев, зодаи Тоҷикистон мебошад.

Ба навиштаи расонаҳо, ҳодиса дар яке аз автобусҳои шаҳр рух додааст. Гуфта мешавад, чанд ҷавони миллатгарои рус нисбат ба як зан ишораҳои бадахлоқона кардаанд. Ин рафтор боиси норозигии Имомалӣ Турдиев шудааст ва ӯ кӯшиш кардааст аз зан ҳимоя кунад.

Дар натиҷа миёни ҷавонон муноқиша сар зада, кашокашӣ то беруни истгоҳ идома ёфтааст. Манбаъҳо менависанд, ки яке аз ҷавонони рус нахуст ба сӯи Турдиев гази ашковар пошида, сипас аз силоҳи ба истилоҳ «ракетниса» тир холӣ кардааст.

Тибқи иттилои «Baza», дар ҷавоб Имомалӣ Турдиев яке аз ҷавононро се маротиба бо корд захмӣ намудааст. Ҷавони 18-солаи рус аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Айни замон гумонбар дар боздошт қарор дошта, тафтишоти қазия идома дорад. Мақомот ҷузъиёти бештарро ифшо накардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *