Лағви парвозҳо ба Самарқанд
Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Самарқанд пурра лағв шудаанд. Ин парвозҳо моҳи майи соли равон роҳандозӣ шуда буданд.
Аз ширкати ҳавопаймоии “Centrum Air”-и Ӯзбекистон ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтаанд, ки далели бекор шудани парвозҳо набудани талабот ба хатсайр ва кам будани мусофирон аст.
“Ҳатто дар давраи барқарор будани парвозҳо ҳавопаймоҳо пур намешуданд”,- афзуданд аз ширкат.
Ба иттилои манбаъ, дар ояндаи наздик байни Душанбе ва Самарқанд парвозҳо барқарор намешаванд.
Ёдовар мешавем, ки парвозҳои ҳавопаймоӣ дар масири Самарқанд-Душанбе-Самарқанд пас аз таваққуфи 6-сола моҳи майи имсол барқарор шуда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ