Лимити барқ дар Душанбе: 4 соат субҳ, 4 соат шом

Давоми як моҳ аст, ки бе эълони пешакӣ ва ироаи сабаб дар тамоми минтақаҳои кишвар, бо шумули Душанбе барқро хомӯш мекунанд ва чанд соат барқ медиҳанд.

Лимити барқ, ки аз аввали моҳи март  оғоз гардид, на танҳо дар минтақаҳои дурдасти кишвар, балки дар ноҳияҳои пойтахт ҳам имрӯз ҷорист. Айни ҳол, мисли 10 соли қабл барқро 4 соат саҳар ва 4 соат бегоҳ медиҳанду халос.

Аз Шабакаҳои барқии пойтахти кишвар хабар ёфтем, ки  имрӯз қисмати зиёди кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе боз бе барқ мемонад. Кормандони соҳа боз ҳам баҳонаи   таъмиру навсозро пеш овардаанд. 

Қариб ду даҳсола Тоҷикистон аз камбуди барқ азият мекашид, вале Душанбе аз ин азоб озод  буд. Давоми як моҳ аст, ки бе эълони пешакӣ ва ироаи сабаб дар тамоми минтақаҳои кишвар, бо шумули Душанбе барқро хомӯш мекунанд ва чанд соат барқ медиҳанд.

Сокинон ба унвонии редаксия занг зада, шикоят аз он доранд, ки ҳатто хӯроки шомро дар равшании шамъу чои дар оташҷӯшондашударо «нӯши ҷон» мекунанд.  Тирамоҳи гузашта низ чунин лимит ҷорӣ шуда буд ва он вақт ҳам сабабро  таъмири хатҳои баландшиддат ва корҳои профилактикӣ гуфта буданд. Аммо баътар маълум гардид, ки ин амал баҳри ҷамъ кардани об барои обанбори НБО «Роғун» будааст.

Аллакай дар чандин расонаҳо сухангӯи барқи тоҷик Нозирҷон Ёдгорӣ ин маҳдудиятро дар «корҳои таъмирию профилактикӣ» гуфта  буд ва таъкид мекард: «Маҳдудияти интиқоли неруи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти калони энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо, инчунин омодагӣ ба ҷашнҳои дарпешистода мебошад». Ба гуфтаи Ёдгорӣ, «лимит» то таҷлили ҷашни Наврӯз бояд бардошта мешуд. Аммо…

Чунин ҳолатро ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов нақзи ҳуқуқи истеъмолкунанда меномад:

«Аввалан, шахсони масъули ин соҳа мушкили пешомадаро рӯирост ба мардум тариқи ВАО гӯянд ва огаҳ намоянд, ки то муҳлати муайян бо сабабҳои гуногун барқ хомӯш мегардад. То аҳолӣ худро ба шароити пешомада мутобиқ намоянд ва ба мушкилӣ гирифтор нашаванд. Дар ҳолати ғайр хабарҳои гуногун ва ғайриқаноатбахш махсусан   дар бораи НБО-и «Роғун» пайдо мешавад, ки обрӯи масъулинро мерезонад…».

Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ лимити бемавриди барқро бемасъулиятии роҳбарияти ШСХК «Барқи Тоҷик» дониста, талаби истеъфои онҳоро доранд. Далери Эмомалӣ матлаберо дар сомонаи фейсбукияш ба нашр расонидааст, ки баҳси калонеро ба бор овардааст: «Ман аз раиси … «Барқи тоҷик» ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон ТАЛАБ мекунам ё сабаби бебарқии моро бигуй, ШАРМ надор ё ИСТЕЪФО деҳ !!!. Чаро дурӯғ гуфтед то Наврӯз ва инак, то ҳол лимит ҷорист. Дар Роғун чӣ гап? Байни мардум овозаҳост. Нагузоред, ки  мардум миш-миш карда гарданд… “

Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон бархе аз расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки тавлиди барқ дар неругоҳи “Роғун” мутаваққиф ва сатҳи об дар обанбори он поин оварда шудааст. Масъулини НБО “Роғун” ин амалро раванди муқаррарии профилактикӣ гуфта, таъкид карданд, ки корҳо дар “Роғун” тибқи нақша ва зери назорати роҳбарияти кишвар идома доранд. 

Таъкид шуда буд, ки баъди анҷоми корҳои иловагӣ оби обанбор то сатҳи зарурӣ боз пур карда мешавад ва интизор меравад, ки моҳи апрел чархаи дуюми неругоҳ мавриди истифода қарор дода шавад.

Ҳоло саволи рӯз ба раиси Ширкати «Барқи Тоҷик” Мирзо Исмоилзода : сабаби аслии бебарқӣ чист ва кай лимит бардошта мешавад?

Посухи раиси Ширкати «Барқи Тоҷик”-ро дар ин маврид интизорем.

Саодат Розиқзода,

 “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *