Ҳаҷвнигор, ҳунарманди театру синамо Шодӣ Солеҳ мавлуд дорад

Имрӯз, 10-уми январ яке аз ҳунармандони муваффақи театру синамо ва ҳаҷвнигори шинохта Шодӣ Солеҳ мавлуд дорад. Ӯ ба остонаи 75-солагӣ қадам гузошт.

 “Ӯ мактаби хоси худро дорад ва бештари саҳнаҳояш аз ҳаёти мардуманд. Қаҳрамонони асарҳояш одамони замони моянд. Аз ин рӯ, тамошобин пас аз тамошои асар мефаҳмад, ки кадом паҳлӯи зиндагии ӯ дар ин ё он асари саҳнавӣ инъикос гардидааст. Аксар вақт бо гуфтори хоси мардумӣ ё лаҳҷа саҳнаҳояшро омода мекунад то ба мардум наздиктар бошад”-чунин назар доранд ҳампешагонаш.

Ба таъкиди Мирзоватан Миров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон:

“Шодӣ Солеҳ аз қабили он эҷодкоронест, ки саҳнаҳояш бо меҳнати зиёд омода мешаванд. Аз ҳамин ҷост, ки ҳамеша ҳангоми намоиши спектаклҳои эшон тамошобин мувофиқи завқу шавқи худ омада иштирок менамояд. Ин аст маҳбубияти тамошобин ба театр, актёр ва ҳунари нақшофарӣ”.

Шодӣ Солеҳ зодаи  деҳаи Қазоқони ноҳияи Рӯдакӣ  ва таҳсилдидаи шуъбаи актёрии Донишкадаи театрии ба номи Луначарскийи Маскав аст.

Баъд аз хатми шуъбаи актёрии донишкадаи мазкур ба шаҳри Душанбе баргашта, аз соли 1971 то  имрӯз ба сифати ҳунарпеша ва коргардон дар Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият дорад. Соли 1984 ба унвони Артисти шоистаи Тоҷикистон ва соли 1998 ба унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон сазовор гаштааст.

Шодӣ Солеҳ муаллифи 20 асари саҳнавӣ, 200 саҳначаи хурди ҳаҷвӣ, беш аз 100 сенарияи телевизионию радиоӣ мебошад. Ӯ  дар чандин филмҳои ҳунарӣ нақш офаридааст. Дар  филми “Қиёми рӯз”-и Носир Саидов яке аз беҳтарин нақшҳои ӯ дар солҳои охир унвон мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *