Лоиқ Шералӣ: Сиёсат аз гиребон мегирад…
(Идомаи мусоҳиба)
Савол: Ин ҷо маънӣ омад ба сари обу хоки Ватан ва Бухорою Самарқанд, ки як пораи бисёр азизи хоки меҳани қадими мост, ки гаҳвораҷунбони тамаддуну фарҳанги мо буданд. Дар ҳазорсолаҳо аз ҳамин хок, аз ҳамин об бузургтарин падидаҳои мардуми мо сар заданд. Ва имрўз тоҷикро аз ин гаҳворааш, аз ин бумгоҳаш, аз ин пораи маънихези диёраш канданд. Инсоне, ки аз гаҳворааш, аз зодгоҳаш, аз бумгоҳаш рондаю монда аст, маъное дорад, ки аз чизҳои бисёре рондаю монда шудааст ва ҳоли мардуми тоҷик бе ин гаҳвораҳои маънавиаш чӣ мешавад? Имрўзу оянда?
Лоиқ: Яке аз шеърҳои нахусти ман «Зарафшон» буд ва як шеъри дигарам «Зарафшон меравад сўи Бухоро». Ва дар ин шеърҳо ишораҳо буд ва дар он солҳо ин нуктаҳоро равшан ва барҷаста гуфтан мумкин набуд ва сензур ҳам катаған мекард, намегузошт, аммо имрўзҳо, дар саҳифаҳои матбуот, дар китобҳои таърихӣ, дар мақолаҳо олимон ва муаррихон мегўянд ва мо, гумон мекунам то аз Бухорою Самарқанд аз назари маънавӣ аз руҳонӣ ҷудо нашудаем. Самарқанду Бухоро ҳарчанд аз назари марзбандӣ, ҷуғрофӣ, имрўз шаҳрҳои Тоҷикистон нестанд, аммо вақте ба таърих назар мекунем, ба собиқаи таърихи адабиёти ҳазорсола, фарҳанги ҳазорсола, балки беш аз ҳазор сол (то се ҳазор сол мерасад) Самарқанду Бухоро аз назари маънавӣ, руҳонӣ, равонӣ ва забонӣ аз мо дур нестанд.
Савол: «Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст».
Лоиқ: Бале, дуруст гуфтааст Бозор Собир. Бале, сарҳади тоҷик забони тоҷик, адабиёти тоҷик, фарҳанги тоҷик аст.
Савол: Аз гуфти шумо бармеояд, ки эҳёи мо, зинда мондани миллати мо вобаста ба он аст, ки Бухорою Самарқандро дар диламон зинда дорем. Ҳамчунин бисёраш вобаста аст ба эҳёи бузургмардон, абармардони гузаштаи миллат, ки бештарашонро имрўз мо намедонем. Ва надонистанамон бар он аст, ки дар бораашон чизе нахондаем. Ва нахонданамон аз он аст, ки аз хатулрасми бобоӣ огаҳ нестем. Ҳол он ки китобҳои ин бузургмардон ё китобҳои марбути онҳо маҳз бо ин хат эҷод шудаанд дар тўли ҳазору сесад сол.
Лоиқ: Ба ростӣ, ин ҳам як фоҷиа аст, барои як нафар шоир ва барои тамоми миллат. Дар бораи абарқудратҳои фарҳанг ёд кардед, аз онҳо миллати мо кам хабар дорад. Зеро чуноне ки фарзанд аз пистони модараш ҷудо ҳамин тур мешавад, мо аз Самарқанду Бухоро ҷудо шудем. Ва дигар ин ки агар дар тамоми тўли таърих се бор ноинсофӣ ба сари миллати мо омада бошад, дар замони истилои араб, китобро сўхтанд, сипас муғулҳо китобро сўхтанд, дар замони инқилоби уктабир ҳам китобҳоро сўхтанд, китобҳоро маҳбус карданд, ба болокории ин хати ниёгони моро ҳам табдил карданд, на як бор, балки ду бор табдил карданд. Ин теша ба решаи мо буд ва моро аз тамаддуни ҳазорсолаамон, балки беш аз ҳазорсолаамон ҷудо кард ва моро мисли як кӯр, ё бо чашмони баста нигоҳ дошт ин сиёсат. Ва имрўз, вақте ки мо мехоҳем ба расмулхати ниёгон бозгардем ва ба аслияти худамон баргардем, ҳама ҳозир нестанд. Зеро бояд аввал ин хатро навишта ва хонда тавонем. Мустақиман ба он хазинаи гузашта ворид бишавем. Барои ин калид ҳамун расмулҳат аст. Бинобар ин дар ин як-ду сол, шукри Худо, ин корҳо шуруъ шуданд ва дар барномаҳои мактаб низ ҳаст ва агар Худо тавфиқ диҳад, дар оянда, як насл агар ҳозир шуд, шояд мо ба расмулхати ниёгон баргардем ва ба ин баҳона шояд ба асли худамон низ баргардем.
Савол: Рўи мизи шумо китоби «Маснавии Маънавӣ»-и Мавлавӣ ҳаст…
Лоиқ: Маснавии Мавлавӣ, ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ…
Савол: Вале ин Қуръони мардуми моро на ҳама кас хондааст ва на ҳама кас медонад, аз он боисе, ки бо расмулхати ниёгон нигошта шуда… ва ин ҳуруфро на ҳамаи мо медонем…
Лоиқ: Бале… Ман аз ин китоби «Маснавии Маънавӣ» дуто дорам. Ва «Девони Кабир» ҳам дорам. Гоҳ-гоҳ мехонам ва ба ростӣ, ба бесаводии худам иқрор мешавам, ки то ба кўи ҳар як талмеҳ, ҳар истиора, ташбеҳ, ки дар саросари ин китобҳо ҳастанд, ки марбути асотири қадим ё дини мубин, мо пай намебарем. Зеро, мо боз ҳам такрор мекунам, ки аз ин мактаб, ин ҷаҳон дур афтодаем. Ва ниёзи мо, боз ҳам такрор мекунам, ки ба ин китобҳо, ба гузаштаамон, фақат ба воситаи донистани хати ниёгон мумкин, ки моро ҳам ба гузашта наздик мебарад, ҳам бо ҳамзабонони худ, чӣ ба Эрону чӣ Афғонистон ва чӣ дигар ҳамзабонони ман дар тамоми ҷаҳон, ки шумораи онҳо аз сад миллион бештаранд, барои он, ки матбуоти мо, китоби мо, адабиёти илмии мо, фарҳанги мо барои ҳамзабонон дастрас бишавад, бояд ба ин расмулхат баргардем. Вагарна вақте ки дар Душанбе фарз кардем, китобхонаи Эрон боз шавад, мардуми мо мумкин бихаранд, аммо вақте ки китобфурўшии мо, фарз кардем, дар Теҳрон кушода шуд, бо ин ҳарфи сирилик кӣ мехарад онҳоро? Ба дарди кӣ мехўрад ин ҳарфи сирилик, фарзан дар Афғонистон ва Эрон? Мушкил ин ҷост.
Савол: Умед аст, ки Худо мадад мекунад ва мерасем ба рўзе, ки бармегардем ба ин расмулхат.
Лоиқ: Ман ҳам умедвор ҳастам аз Худованд.
Савол: Вобаста ба нидои охиринатон як суоле сар зада. Кадом вақтҳо бештар Худо ба ёдатон мерасад? Ҳолатҳои яъсу ноумедӣ ва ё суруру шодӣ? Охир, мо ҳама парвардаи атеизми ҳафтодсолаем. Ва умуман ақидаи шумо нисбати дин.
Лоиқ: Ман тарафдори он ҳастам, ки ҳамчун як бачаи мусулмон алҳамдуллилоҳ, ҳар инсон бояд имон дошта бошад. Одами беимон, инсони комил нест. Мегўянд, ки:
Он дил, ки ба ишқ ошно нест,
Ҷом аст, вале ҷаҳоннамо нест.
Ҳамун, ки илоҳӣ набошад, имон набошад, эътиқод набошад, мо як зарфе ҳастем, як ҷоме, як пиёлае ҳастем, ки хуб чой мерезем, об мерезем, аммо ҷаҳоннамо нест, мисли ҷоми ҷаҳоннамо, мисли ҷоми Ҷам. Он нури имон, нури эътиқод ва дин ҳамон нурест, ки барои мо ҷаҳонро нишон медиҳад… Ва ман дар ҳама лаҳзаҳо ва хусусан лаҳзаҳои душвор, аз Худо ёд мекунам, зеро болотар аз он чизе нест.
Савол: Мегўянд, ки баъзан фаҳмидан душвор аст, ки Лоиқ дар куҷои гапаш шӯхӣ дораду дар куҷояш ҷиддист, ё ҳасрате дорад. Дар ҷое як лутфи бисёр шоирона, масалан дар бораи ишқу ошиқӣ мисраҳосту лек андарунаш ҳасрати зиёде дорад.
Лоиқ: Хуб, ин вобаста ба саёқи сухан аст. Вақте ҳамсуҳбатамон як суоле медиҳад, ки воқеан, шӯхӣ дархост мекунад, ё суоле мекунад, ки бисёр суоли ҷиддист, аммо маврид надорад. Он саволе, ки бемаврид аст, маҷбур мешавед бо як тарз, як шӯхӣ, бо як киноя ҷавоб диҳед. Ва дар ҷое, ки ҷойи расмӣ аст, суҳбатҳои расмианд, ки он ҷо ҷойи шӯхӣ нест, «ва даргоҳи муҳаббат нозу шӯхӣ барнамедорад»… Хуллас, дар ҳар маврид одам бояд мавридшинос бошад. Хуб, ман гоҳо лутф ҳам мекунам, лутфҳои беҷо ҳам баъзан мешавад, ин зиндагӣ ҳамин тур аст. Вобаста ба ҳамон мавриди сухан ва суҳбат.
Савол: Шумо ба шеърҳоятон монандед ё не?
Лоиқ: Ба як қисмате аз шеърҳоям ман монанд ҳастам. Ва ба як қисмати шеърҳо, ки нимадурўғ ҳастанд ва бофта ҳастанд ва ба тақозои ин ё он ҳолати зиндагӣ гуфта шудаанд, ман монанд нестам. Ва дар он, албатта, як пораи ман ҳаст, як пораи эҳсосу тафаккури андешаҳои ман ҳаст, шеърҳое, ки ҷабҳаҳои ирфонӣ доранд, риндию ошиқӣ доранд, як зарра ба онҳо монандам.
Савол: Худро ба сиёсат марбут медонед ё не?
Лоиқ: Ман хаёл мекунам, ки одам дар замони худаш, дар як пораи муайяни вақт зиндагӣ карда наметавонад, ки аз ў берун бошад. Хоҳед нахоҳед, аз бари домонатон ё аз гиребонатон сиёсат гоҳ-гоҳ мегирад. Лек дар ҳар маврид ман хаёл мекунам, ки комилан ба сиёсат гирифтор шудани шоир хуб нест.
«Сияҳ бодо сияҳ рўи сиёсат,
Ки чандин бор рўямро сияҳ кард».
Чанд бор, ман гоҳ-гоҳ хостам коре карда бошам, хоҳ нохоҳ ба сарам санги маломат омад, ё ки аз ин соҳил ё ун соҳил, ба ман сангандозиҳо шуд.
Ва гоҳо дар майдонҳо маро маломат кардаанд, ки дар майдонҳо иштирок накардам, ман агар иштирок накарда бошам ҳам, бо раванди демократии имрўза ва ҳақиқат ва адолат ҳамеша ҳампо ҳастам ва ҳамсанг ҳастам. Бигзор ман дар майдон набудам, аммо бо шеърам, бо мақолаҳоям назари худро гуфтаам.
Савол: Маҳмудҷони Воҳид ҳам дар вақташ қурбони дасисабозии роҳбарон гашта буд, ки мебинам расми калонаш дар утоқи шумост, қатори расми модаратон ва фарзандонатон. Вобаста ба ин агар ба бист – сӣ соли охир нигарем, се сутуни наврўиди маданиятро, ин тоҷикро мебинем, ки яке ҳамин Маҳмуди Воҳид буд, дигар Маликаи Собир ва сеюмӣ шумо. Малика низ мисли Воҳид барвақт аз олам рафт. Ва гуфтани розҳои онҳо, бардоштани корҳои онҳо мегўянд, ки ба дўши шумо монд. Магар бардоштани ин ва гуфтани инҳо бароятон душвор нест. Ҳарчанд дар шеъре баҳри Маҳмуд Воҳид гуфтаед, ки «Агар лаб-лаби дарё равӣ, ба уқёнус мерасӣ, эй дўст», вале ба уқёнус бурдани ин борҳо сахт гарон нест? Оё шумо зери ин бори вазнин худатонро пуразоб ҳис намекунед? Боз оё бе ин ду шаҳсутуни санъат, ки дигар дар паҳлуятон нестанд, худатонро танҳои танҳо ҳис намекунед?
Лоиқ: (Баъди тааммулу хомӯшӣ) Малика ва Маҳмудҷон – инҳо ду ситораи тобоне буданд дар осмони умри мо, ки новақт канда шуданд. Аммо партави ҳунари онҳо то ҳанўз дар фазои умри мо ҳаст. Ва он шарҳе, ки дар васфи Маҳмудҷони Воҳид ҳаст, ин аст, он намоишномаи «Гуфтугў бо худ» аст аз рўи рубоиёти Умари Хайём, ки Маҳмудҷон шамъ дар даст дорад. Он шамъ дар зиндагӣ ҳанўз фурўзон аст. Ҳунари Маҳмудҷон ва Малика намиранда аст. Аммо ҳамон вақтҳо ман гуфта будам, ки «Чу як ҳамсоли ман мирад, гаронтар мешавад борам». Воқеан ин бор фақат ба дўши ман не – чуноне ки шумо гуфтед, ба дўши насли мо ва наслҳои оянда вогузор шудааст. Чуноне ки роҳи онҳоро мо давом мекунем: руҳи инҳоро бояд шод бикунем, ҳар кас ба андозаи ҳунараш, на хизматаш ин корро бояд бикунад. Ва ман чуноне, ки як байте ҳаст:
«Гар худованди ман ин аст, ки ман медонам,
Шишаро дар бағали санг нигаҳ медорад».
Агар ман ба лутфи таолоҳ зинда монам, руҳи онҳоро шод кунем ва роҳи онҳоро давом диҳем.
Савол: Шумо гуфтед, ки бардоштани борҳо дар дўши шумо, ҳамчунин дигарон ва аз ин дигарон ба кӣ умед карда метавонед? Ва хоса киҳо як гўшаи бори шеъри мо, бори назми моро бардошта метавонанд?
Лоиқ: Хуб, ман оид ба касоне арз мекунам, ки аз ман ҷавонтар ҳастанд. Ман хаёл мекунам, ки онҳо Гулрухсор, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Гулназар, Низом Қосим, Фарзона ва Сиёвуш. Он касоне, ки ман эътиқод дорам ва умед дорам, ки хизматҳое аллакай кардаанд ва дар оянда ҳам ба чашмам мерасад, ки аз инҳо адабиёт, иншоолоҳ, самараҳои зиёде хоҳад гирифт.
Савол: Шумо дар бораи касоне ҳарф задед, ки бо як миқдоре бевосита ба дигаронаш маънаван ҳақи устодӣ доред. Вале бигўед, ки худ устод доштед ва устодатон кист?
Лоиқ: Устодони ҳамнафас Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноат ҳастанд. Устод Турсунзода шеърҳои маро мехонданд, устод Боқӣ ҳам мехонданд, вале он резакороне, ки дар ҳунари шоирӣ ҳаст, вазн калимабандӣ ё дар ҷояш набудани сухан ҳамаро Муъмин Қаноат барои ман омўхта буд, ки миннатдор ҳастам. Ва дигарон ҳам бисёр кумак мекарда, ки шарт нест ҳамаи онҳоро устод гўям, аммо ҳамчун инсон, ҳамчун як афроде, ки дар муҳити адабӣ ҳастанду буданд – Пӯлод Толис, Убайд Раҷаб ва дигар дўстоне, ки ҳамеша кумак мекарданд, ҳамчун инсон, ҳамчун мураббӣ, ҳамчун як бародар, ҳам дар зиндагии воқеӣ, ҳам дар олами ҳунар, ҳам дар шеър.
Савол: Ин ҷо шумо барои Турсунзода (равонаш шод бод!) ёдовар шудед самимона. Ва дар ҷойе хонда будам: даме шумо сисола будед, устод дар базме гуфтанд, ки шастсолагии шуморо бояд он рўз ҳатмӣ қайд бикунанд.
Лоиқ: Соли ҳафтоду як буд, устод шастсолагиашонро дар Ҳисор, дар Шаҳринав, дар Қаратоғ ҷашн гирифтанд ва аз ҳамон нишебе, ки колхози «Ватан» шуруъ мешавад, то маркази Ҳисор дар зери пойи устод гулборон буд. Мо аз пасашон мерафтем ва баъд расидем ба Қаратоғ. Дар он ҷо базми олиҷанобе бо ҳама созу барги айш омода шуд ва ман бо Қаноат ва дигар дўстон нишаста будам, гуфтам: Устод, намедонам, ки ман ҳам шастсола мешавам ё не, ҳамин шаб ҷашни маро ҳам гузаронем – ҳарчанд миёни синну соли мо сӣ сол тафриқа ҳаст, гуфтанд, ки тасаввур кун, ҳамин шаб шастсолагии ту ҳаст.
Савол: Яъне устод шуморо баробари худашон гузоштанд?
Лоиқ: Бале, устод ҳамин тур ҳимматҳои баланд доштанд.
Савол: Мегўянд, ки мардони абарқудрат душманони зиёд доранду дўстон кам. Албатта, ман дар назар дорам аз миёни ҳамсолон (зеро худ зиндагӣ як размгоҳест). Ҳамсоле, ки дастгираш бошад, ҳамдилаш бошад, ки дарҳои дилро маҳз ба вай ифшо кардан мумкин бошад.
Лоиқ: Шукри Худо дўст ҳам дорам, нотавонбинҳои зиёд ҳам доштам ва дорам. Аз дўстон на ҳамаро ном бурда метавонам ин ҷо. Ва дўсти чӣ хел ки дар урфият мегўянд, ҷамолакии ман, Сорбон аст. Нависандаи номии мо. Вақте ки мо ба Омўзишгоҳи педагогӣ соли 1954 омада будем, ў дар танаш як ҷомаи беқасаби рах-рах дошт. Ҷомаи одии падарамро модарам аз сандуқ гирифт, ҷомаи атлас, ки як сӣ сол гузашта буд, ё бист сол, дар сандуқ буд, бароварду аз нав бурид ва ба қомати ман чен карда дўхт. Ва онро пўшида, ба Омўзишгоҳи педагогӣ омадам ва муаллимҳо, ки номҳои моро намедонистанд, маро мегуфтанд, ки «Атлас, бихез, ҷавоб бидеҳ!». Сорбонро мегуфтанд, ки «Беқасаб, хез!». Ва аз ҳамон рўз то имрўз мо дўст ҳастем, бародар ҳастем ва бародарҳои қиёматӣ ҳастем. Ва аз ҳама хусусияти барҷастаи Сорбон аст, ки пурсабру пурбардошту пуртаҳаммул аст ва халқӣ карда гўям, нози маро дар тўли ин қадар сол бардоштааст дар пастӣ ва баландиҳои зиндагӣ ҳамчун инсон ва ҳамчун адиб ва ҳамчун касе, ки бисёр мушкилиҳои зиндагиро аз ман пештар ва ҳассостар ва дақиқтар мебинад ва оқибатандешӣ дорад. Ва ҳар вақт маро огоҳ мекунад, ки агар фалон кора кунӣ, оқибаташ ин хоҳад буд. Ва ё бо фалон кас ошноӣ пайдо кардӣ, вай чандон одами хуб аст ё хуб нест.
Инро низ барои ман таъкид мекунад. Ва шукри Худо, то имрўз бо ў бародар ҳастем, дўст ҳастем ва шояд ин баъзе гуфтаҳои ман дар филме ки оид ба Сорбон аст, гуфта бошам. Зеро ин нуктаро ман дар ҳама ҷо мегўям…
Таҳияи Саидмуроди ХОҶАЗОД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ