Лоиҳаи телевизионии Осиёи Марказӣ соҳибистеъдод меҷӯяд

Рӯзҳои 15 — 16 ноябр дар бинои Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» Лоиҳаи Телевизионии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Central Asia’s Got Talent — як намоиши сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки роҳро барои соҳибистеъдодҳои Осиёи Марказӣ боз мекунад. Ин Лоиҳа шаҳрвандони Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Ӯзбакистонро бо ҳам муттаҳид мекунад ва имкон медиҳад, ки истеъдоди худро санҷанд ва дар тамоми ҷаҳон машҳур шаванд.
Иштирокчиёни он новобаста ба синну сол дар жанрҳои гуногун, аз ҷумла акробатҳо, овозхонӣ, рақсидан ва ғайра ҳунарнамоӣ намуда, истеъдоди худро дар саҳнаи Осиёи Марказӣ нишон медиҳанд.

Лоиҳа соҳиби эътироф ва муҳаббати Осиёи Марказӣ гардида, ҳамзамон, ғолиб соҳиби 270 ҳазор сомонӣ мешавад ва барои амалисозии орзуҳои худ имконияти хубе пайдо мекунад.
Лоиҳаи Got Talent ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шуда, муваффақтарин шоу дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Ҳалима Шобекова, коромӯзи Pressa.tj

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.