Лукашенко: Қрим аз Русия аст

Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷаи Украина гуфт, ки  эътирофи расмии Қрим аз ҷониби Беларус чун як қисмати  Русия, ба равобити Минск ва Киев зарба мезанад.

 Дар ин бора хабаргузории Укринформ хабар додааст. Пештар президенти  Беларус Александр Лукашенко гуфта буд, ки ӯ бо Владимир Путин дар бораи сафар ба Қрим ба мувофиқа расидааст. Лукашенко таъкид кард, ки ин сафар ба маънои эътирофи нимҷазира ба ҳайси бахше аз Федератсияи Русия хоҳад буд.

Лукашенко қайд кард, ки Қрим «русист» ва пас аз раъйпурсии соли 2014 «де-юре низ аз Русия шуд».

Кулеба дар шарҳи ин изҳорот гуфт, ки  «Мо ба амалҳои ӯ баҳо медиҳем»,  Ба гуфтаи вай, агар Беларус ба таври расмӣ пайвастани Қрим ба Федератсияи Русияро эътироф кунад, «ба муносибатҳои Украинаву Беларус зарбаи ҷуброннопазир зада хоҳад шуд». «Мо пурра амал мекунем. Қрим масъалае нест, ки мо дар он гузашт кунем ”гуфт Кулеба.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.