Лукашенко тағйиротро ба қонун дар бораи ҳукми қатл барои «хиёнат» имзо кард

Александр Лукашенко Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ»-ро имзо кард.

— Тибқи тағйирот барои хиёнат ба давлат ба мансабдорону низомиён акнун ҳукми эъдом (қатл) пешбинӣ шудааст,- хабар медиҳад хадамоти матбуоти ӯ.

Қаблан хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Миллии Белорус қайд карда буд, ки лоиҳаи Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ» барои «таъсири боздоранда ба унсурҳои харобкор» ва «намоиши муборизаи қатъӣ бо хиёнат ба давлат» зарур аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *