Маҳфили гиромидошти Рӯдакӣ дар Теҳрон

6- уми январ дар шаҳри Теҳрон барои бузургдошти падари шеъри форсӣ – тоҷикӣ  Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ чорабини таҳти унвони  “Бӯи ҷӯи Мӯлиён”   баргузор гардид.

Ин чорабини бо ташаббуси Сафортаи Тоҷикистон дар ҶИ Эрон ва Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ ва «Бунёди Рӯдакӣ»-и Эрон доир гардид. Дар ин чорабини чеҳраҳои фарҳангии ҳарду кишавар иштирок карданд.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо ишора ба мақоми устод Рӯдакӣ ба унвони «падари шеъри форсӣ-тоҷик» иброз дошт, ки устод Рӯдакӣ  нахустин ва бузургтарин шоири порсигӯ буд, ки бо халлоқият ва нубуғи шоиронааш барои ташаккул ва равнақи шеъри форсизабон хизмати беназир кард. Ӯ иқтидори  забони тоҷикӣ — форсӣ – дариро ба унвони забони шеър пас аз ду қарни тасаллути забони арабӣ дар паҳнаи шеъру адаби Эронзамин  ба таври комил ба намоиш гузошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *