Маҷмааи “Истиқлолият ва озодӣ” чӣ гуна сохта шуд? (видео)

Маҷмааи “Истиқлолият ва озодӣ”, шоми имрӯз, 8 сентябр кушода мешавад. Дар маросими ифтитоҳи расмии он иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар назар аст. Инчунин, бо иштироки аҳли ҳунари кишвар ва роҳпаймоии донишҷӯён барномаи фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.

Мо дар ин навор бо истифодаи аксҳои бардоштаи хабарнигори Pressa.tj аз рафти сохмони маҷмаа бароятон хоҳем гуфт.   

Гуфта мешавад, ки ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳ ва ғайра иборат мебошад.

Баландии муҷассамаи Маҷмааи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар маҷмӯъ 121 метрро ташкил медиҳад. Пояи муҷассама пирамидаи ҳаштрўя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад. Дар дохили муҷассама осорхона ва толорҳои баргузории чорабиниву маҳфилҳо ҷойгиранд.

Дар муҷассама тоҷ рамзи давлатдорӣ, истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омўзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.