Маҷлиси намояндагонро толибилмон чи гуна дарёфтанд?

Як гурӯҳ мактаббачагони фаъоли муассисаи таълимии ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар арафаи ба анҷомрасии соли хониши имсола аз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дидан намуданд.

Як гурӯҳ мактаббачагони фаъоли муассисаи таълимии ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар арафаи ба анҷомрасии соли хониши имсола аз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дидан намуданд.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба мо иттилоъ дод, толибилмон бо макони баргузории ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон, маҷлисгоҳи таърихии ҷаласҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва китобхонаи парлумони касбии мамлакат ошно шуданд.

Ҳамчунин, толибилмон бо Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, Бахтовар Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагон, Ҷалол Камолов, мудири шуъбаи умумии дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Камол Абдураҳимов, мудири шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашр мулоқт доштанд.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки иқдоми мазкур ба рушди комили ҷавонон, боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон, ҳисси худошиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром намудани ёдгориҳои таърихӣ, дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани хонандагон, омода намудани онҳо дар интихоби касб мусоидат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *