Гардиши тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Эрон афзоиш ёфт
Дар се моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Эрон ба 111 миллион доллари ИМА расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42,9% бештар аст.
Тибқи иттилои расмӣ, ин рақамҳо дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини аввали ноиби президенти Эрон оид ба масоили байналмилалӣ Алӣ Наҷафӣ Хушрӯзӣ зикр гардиданд.
Ҷонибҳо иҷрои “Барномаи ҳамкории дарозмуддати иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Эрон барои солҳои 2022–2030”-ро баланд арзёбӣ карда, ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои транзит, сайёҳӣ, намоишгоҳҳои муштарак ва ҷалби сармоя таъкид намуданд.
Ҳайати эронӣ таҳти роҳбарии Хушрӯзӣ рӯзи 15 апрел ба Душанбе омад ва то 17 апрел бо мақомоти баландпояи кишвар дидору гуфтугӯ анҷом медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ