Мактабҳо аз вагону хонаҳои мардум мекӯчанд

Давоми соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 51 иншоот дар соҳаи маориф сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Инҳам дар ҳолест, ки соли 2021 бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни молиявӣ бунёди 43 иншооти таъиноти гуногун дар назар аст.
Баҳриддин Ҳалимов, мутахассиси пешбари Раёсати маориф дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, дар соли 2020 се кӯдакистон, даҳ муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ бо наздики нуҳ ҳазор ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шудааст. “Соли 2021 бунёди 43 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ин дар беҳтар кардани сифати таълим ва ташкил шудани ҷойи нишаст мусоидат мекунад”,-афзуд вай.
Мутаассифона, ҳанӯз 7 муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ, хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо фаъолият доранд,-таъкид кард вай. Ӯ мегӯяд, дар аввали соли 2020 шумораи чунин муассисаҳои таълимӣ ба 20 адад баробар буд. –Вале бо тадбирандешии масъулин 16 муассисаи таълимӣ аз чунин ҳолат бароварда шуд. Боварӣ аст, ки ояндаи наздик боқимонда муассисаҳои таълимӣ аз хонаҳои шахсӣ, вагонҳо бароварда шуда, мактабҳои садамавӣ ва таъмирталаб пурра навсозӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *