Дилбар Одилзода

Мактабҳои Душанбе бо гармӣ таъминанд?

Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе бо вазъи зимистонгузаронии муассисаҳои таълимӣ шинос шудааст.

Аз ҷумла, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода  бо вазъи зимистонгузаронии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29, 55 ва муассисаи таҳсилоти томактабии №27-и ноҳияи Шоҳмансур шинос гардидаанд. Дилбар Одилзода дар муассисаҳои мазкур бо мураббиёну омӯзгорон суҳбат намуда, ба масъулин ҷиҳати гарм нигоҳ доштани муассисаҳо дар рӯзҳои сард дастуру супориш додааст.

Баҳром Исмоилзода низ аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №21, 100 якҷо бо масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дидан намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе 8 муассисаи ибтидоӣ, 12 асосӣ, 171 миёнаи умумӣ, 146 буҷетии ноҳиявию шаҳрӣ, 9 буҷетии ҷумҳуриявӣ, 12-то дар назди ташкилоту идораҳо, 26 адад хусусӣ фаъолият доранд. Дар онҳо 268 ҳазору 942 хонанда таҳсил менамоянд. Ҳамзамон, дар ҳудуди пойтахт 157 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *