Маликаи Саразм
(Порае аз роман)
Маликаи Саразм…
Эҳтимолан аз сарони занони асбсавор ва ҷанговар аст. Ин занони паҳлавон дар Урупо шинохта шудаанд. Ба онҳо Амазонҳо мегӯянд. Бале, шунидаам, гуфтам ки нишон диҳам ман ҳам ба торих алоқа дорам. Ба хотири исми маҳалле, ки аз онҳо дар осори торихи қадим ёд шудааст.
Албатта, равшан шудааст, ки маркази Амазонҳо дар Осиёи Миёна будааст, гуфтам боифтихор. Таъйид кард. Бале. Аммо фикри ғолиб ин аст, ки дар кишварҳои туркии Осиёи Миёна бошанд, гуфт Шӯъла бо каме эътироз. Ҳарчанд паҳлавонии занон дар суннати қадими сарзамини мо бисёр роиҷ буда аст ва торихи қадимитаре дорад, ки мутаассифона, мо камтар рӯи ин мавзӯъ кор кардаем.
Суҳбатҳо каме фурӯ нишаст, ҳаяҷонҳо нишаст кард, дурбин дубора рӯи дастонаш баланд шуд ва мисли аслиҳаи сабти лаҳзаҳо шурӯъ кард ба шиллик кардани муҷасамма аз ҳар сӯ ва самт. Гӯйи барнома дошт дурӯғи торихиро фош кунад, аз иштибоҳи торихӣ парда бардорад ва занони гумноми Саразмро аз зери хоки зеҳни мардонаи ҷомеа ва олимон берун кашад. Шӯъла асабӣ акс мегирифт…
…Бо дили пур аз пурсиш ба сӯи устухонҳои Маликаи Саразм қадам бармедорем. Шӯъла ҳам бидуни ин ки дурбинро ба гардан биёвезад, чанд акс аз муҷасаммаҳои дигар ҳам гирифт ва даври устухонҳои “Маликаи Саразм” қадам зад ва боз чанд акси дигар гирифт.
Аз ин чӣ бардоште доред?- кунҷковона мепурсам аз ӯ. Бодиққат ва хомӯш дурудароз ба сангҳои дохили қабр нигоҳ мекунад.
— 5500 сол қабл, дар синни 25 — солагӣ ба хок супурда шудааст,- мегӯям сукутро шикаста. Аҷиб аст на. Гӯйӣ дар батни модар маъсумона хобида бошад. Инро, ки мегӯям, боз мағзи таҳлилгараш шурӯъ мекунад ба бозхонии қабр. Мегӯяд, на. Дар батни модар нахобидааст, балки дастҳо рӯи зону, яъне нишони қудрат дорад. Гӯйи ҳамчунон дар тахт нишастааст. Ин зан дар асл ҳам малика аст. Даври қоби шишаӣ сабук қадам бардошт Шӯъла. Аммо он чӣ бароям ҷолиб аст, шалвори ӯст.
-Шалвор?- ботааҷҷуб мепурсам.
-Бале. Бубинед, сангҳои тазйинии даври пойи ҷасад дар як хат афтодаанд. Пас шалвори роҳат барои асбсаворӣ ба тан доштааст.
-Ин ҳам паҳлавон буда? Бо шӯхӣ мепурсам ва зуд пушаймон мешавам, аз ин ки накунад ба ин фикр равад, ки ҳарфҳояшро ҷиддӣ намегирам. Аммо ӯ боҷиддият идома медиҳад, думғозааш ҳам ба сӯи дохил инҳинои бештаре дорад. Ин нишони асбсавори тамомвақт будан аст.
Накунад воқеан Саразм ҳамон шаҳри занони паҳлавон аст! Ин бор боэътиқод ва баланд мегӯям. Мумкин аст. Комилан мумкин аст. Дар торихнигораҳо аз онҳо борҳо ёд шудааст, маҳалли он фаромӯш шуда ва ё исме дошта, ки барои мо ҳоло шинохта нест. Шояд ҳам Саразм исми комилан ҷадиди ин шаҳри куҳна аст. 5 ё 6 ҳазор сол шӯхӣ нест ва ҳама чӣ фаромӯш шудааст. Дуруст , фарҳанги навишторӣ ҳам ҳанӯз роиҷ набуда, ки бишавад кумак аз мутун гирифт.
Даврони Маликаи Саразм ва Хоразму Бухоро гузаштааст. Мардони Осиёи Миёна ҳатто номе барои онҳо нагузоштаанд. Магар қабре, ки хушбахтона дигар намешавад ба исми мард дар торихи ҷадид сабт кард. Мушахассоти Ди Эн Эй ба доди занони гумном хоҳад расид. Чӣ дидӣ, ки бисёре аз қабрҳои шоҳони бостон, занони паҳлавоне будаанд, ки дар сарзамини мо ҳукумат мекардаанд.
Ӯро оварда будам Маликаи Саразмро нишон диҳам, аммо ӯ ба ман торихи нуҳуфтаи сарзаминамро бароям бозхонӣ мекард. Шавқи маро нисбат ба занони паҳлавон ҷарақа медод. Худи ӯ як зани паҳлавоне буд, ки чашму гӯшаш бемуҳобо бештар аз ман дида ва афзунтар аз ман шунида буд…
Шаҳзода Назарзода Самарқандӣ, Ҳолланд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ